Алимурод Исломзода: «Оби нӯшокие, ки ба аҳолии Тоҷикистон расонида мешавад, арзонтарин об дар ҷаҳон мебошад»

Май 24, 2017 09:10

ДУШАНБЕ, 23.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дар Душанбе роҷеъ ба масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ бо ширкати намояндагии мақомоти тоҷик ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ Форуми минтақавии Аврупоӣ ва Осиёи Миёнагӣ оид ба ҳисоботдиҳанда будан ба ҷамъият дар бахши об аз ҷониби созмони бритониёии «Оксфам» ва Барномаи ҳамкорӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимурод Исломзода аз беҳтар гаштани сатҳу сифати  таъмини аҳолии кишвар бо оби тозаи нӯшокӣ ҳарф зада, зикр кард, ки «агар ба омори таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ назар намоем, хушбахтона, сол то сол сифати таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ боло меравад. Дар соли 2012 агар 42,6 фоизи аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ доштанд, ин миқдор дар соли 2013 ба 48,6% ва дар соли 2016   ба 57,6 фоиз расонида шуд».

Дастрасии ахоли бо об 2Ба гуфтаи Алимурод Исломзода, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон аз ҷиҳати оби арзонтарин мавқеи аввалро ишғол мекунад. «Нархи арзиши як мукаабметр оби ошомидание, ки ба аҳолӣ расонида мешавад, ҳамагӣ 88 дирам аст, ки ин арзонтарин об дар ҷаҳон мебошад. Мо кӯшиш мекунем,  ки мардуми Тоҷикистонро боз ҳам беҳтар бо оби ошомиданӣ таъмин кунем»,- афзуд Тағоймурод Исломзода.

Бояд гуфт, ки форуми мазкур бо ширкати намояндагони даҳ кишвари дунё ду рӯзи дигар идома меёбад.

 

Май 24, 2017 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт