Амалиёти «Соҳили пок» гарави саломатии инсон ва мавҷудоти зери дарёву баҳрҳо мебошад

Май 3, 2017 17:08

ХОРУҒ, 03.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бештар аз 400 нафар аз сокинони синни гуногун дар амалиёти «Соҳили пок», ки бо иқдоми Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилоти Мухтори Кӯҳистони Бадашон роҳандозӣ шуд, ширкат намуда, соҳили дарёҳои Ғунду Панҷро аз партовҳои истеҳсолию маишӣ тоза намуданд.

Сардори Раёсати мазкур Мулкамон Назаралиев зимни суҳбат бо хабарнигори минтақавии АМИТ  «Ховар» гуфт, ки «дарёи Ғунд шаҳри Хоруғро ба ду қисм ҷудо карда, баъди панҷ километр  ба дарёи Панҷ мерезад. Аз ду тарафи дарё қаҳвахонаву тарабхона, бозору мағозаҳо, муассисаҳои таълимию тандурустӣ ҷойгиранд ва табиист, ки баъди ҳар сари чанд вақт дар назди соҳил ғарами партову ахлотпораҳо пайдо мешаванд.  Боришот ин партовҳоро ба дарё меафканад ва дар поёноб кӯдакону калонсолон ин обро истеъмол мекунанд. Ба ҷуз ин дар қаъри дарё мавҷудоти гуногун ҳастанд, ки аз ин партови кимиёӣ зарар мебинанд. Аз ин рӯ вазифаи сокиноне, ки дар саргаҳи об зиндагӣ мекунанд,  ин аст, ки ҳамеша оби дарёҳоро тозаву пок нигоҳ доранд ва ҳаргиз партовро ба соҳили он напартоянд».

Чунин амалиёт ҳамчунин дар дигар деҳоти  ноҳияҳои вилоят, ки қад -қади дарёи Панҷ ҷойгиранд, баргузор мегардад.

Май 3, 2017 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд