Ғарқшавии ҷавони 18- сола аз беэҳтиётӣ ҳангоми оббозӣ дар «Кӯли ҷавонон»

Май 31, 2017 12:23

       ДУШАНБЕ, 31.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳалок гардидани ҷавони 18-солаи сокини маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе ҳангоми беэҳтиётӣ дар вақти оббозӣ дар «Кӯли ҷавонон» хабар медиҳад.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, 30 майи соли равон, тахминан соати 15:40, ҷавони 18-солаи сокини маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе ҳангоми оббозӣ дар «Кӯли ҷавонон» аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Дар робита ба ин Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо эҳтиёт шуда, ҳамчунин фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд:

«Чун имрӯзҳо фасли гармову мавсими таътили мактабиён низ наздик аст, онҳо бештари вақти худро дар оила, назди наздикону пайвандон мегузаронанд. Аз ин лиҳоз онҳо ба ҳама гуна нигоҳубин ниёз дошта, падару модар низ ҳаракатҳояшонро бояд назорат намоянд. Аммо, тавре аз таҳлилҳо бармеояд, на ҳамеша волидайн ин масъулияти ба дӯшдоштаашонро хуб иҷро мекунанд. Ҳамин бетаваҷҷуҳии падару модар аст, ки фарзандон ба ҳар гуна корҳо даст зада, аз беназоратӣ  ба ҷойҳои дуру хавфнок мераванд. Дар натиҷа онҳо бо ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш дучор омада, ҳаёти ширини худро аз даст медиҳанд».

Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, давоми 5 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 36 ҳолати ғарқшавии ноболиғон ба қайд гирифта шудааст.  11 ҳолати чунин ҳодисаҳои нохуш дар вилояти Хатлон ва 17 ҳолат дар вилояти Суғд рух додаанд, ки далели беназоратии волидайн мебошанд.

 

Май 31, 2017 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт