Асо ҳам як замоне шохаи сабз будааст. Намоиши аксҳо бахшида ба Рӯзи ҳифзи муҳити зист

Май 25, 2017 14:49

ДУШАНБЕ, 25.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист намоиши аксҳо таҳти унвони «Сайёраи сабз» ифтитоҳ гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар намоиш беш аз 90 сурати аксбардори ҷавон Наврӯз Саидов, ки фарогири табиати тамоми минтақаҳои Тоҷикистонанд, ба маъраз гузошта шуд. Бино ба иттилои Наврӯз Саидов, ин суратҳо дар муддати тӯлонӣ аксбардорӣ шуда, тамоми зинаҳои экосистемаҳои табиии Тоҷикистон- аз биёбон то баландкӯҳҳоро дарбар мегиранд. Як растанӣ бо номи ҷузгун, ки хоси биёбон аст ва дар моҳҳои апрелу май гул мекунаду тамоми биёбонҳоро оро медиҳад, бо маҳорати баланд нишон дода шудааст. Ҳамчунин дар намоиш аксҳо аз минтақаҳои Мурғоб, ки ҳар кадом нозукиву зебоии ба худ хос доранд ва дар онҳо гуногунии фарҳанги миллии мо дарҷ гардидаанд, пешкаши дӯстдорони табиат карда шуд.

DSC_0055+Саркотиби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Саидов зикр намуд, ки ҳалли масъалаҳои ҳифзи табиат, гуногунии биологӣ, экосистемаҳои табиӣ имрӯз тобиши  байналмилалӣ гирифтааст ва яке аз масъалаҳои мубрами ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешоҳанги ҳалли масъалаҳои экологӣ на танҳо дар сатҳи минтақавӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ қарор гирифтааст.

Аз  ҷониби Маҷмаи умумии  СММ пазируфтани икдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», 2018-2028 далели муътамади ин гуфтаҳост. Мақсади Ташкилоти ҷамъиятии «Сайёраи сабз», ки ташаббускори ин намоиш аст, пайванди наслхо тавассути намоиши аксҳо бо инъикоси гуногунии биологӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Тоҷикистон аз ҷиҳати бой будани гуногунии биологӣ ва рангин будани экосистемаҳо дар Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал меистад. Дар кишвари мо зиёда аз 13 000 намуди ҳайвонот, беш аз 10 000 намуди растанӣ, аз ҷумла 4550 намуди растаниҳои  гулдор паҳн гардидаанд, ки инҳо захираи бебаҳои табиии кишвари мо ба ҳисоб мераванд. Солимии ҷомеа ва некӯаҳволии мардуми он аз ҳолати захираҳои табиӣ вобастагии зич дорад. Гуногунии биологии кишвари мо на танҳо манбаи асосии моддӣ,  балки як мавзеи зебоии эстетикӣ ба ҳисоб меравад, ки тамоми сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб мекунад.

«Бояд табиати зебои Тоҷикистони биҳиштосо бо роҳҳои гуногун ташвиқу тарғиб гардад, то барои рушди туризм, ки яке аз соҳаҳои даромаднок ба ҳисоб меравад, мусоидат намояд»,- иброз намуд Абдусаттор Саидов.

Намоиши Суратхои Навруз Саидов- (1)Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Сайёраи сабз» Комил Саидов гуфт, ки он мушкилоти табиие, ки  имрӯз пешорӯи мо меоянд ва ба иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакати мо метавонад таъсири манфӣ расонад, ин тағйир ёфтани экосистемаҳои табиӣ мебошад. Аз худ шудани заминҳо ва зиёд шудани аҳолӣ аввал ба табиат таъсир мерасонад. Яъне ҳангоми маҳв шудани як намуди растанӣ дар табиат мувозинат гум мешавад ва вақте мувозинат гум шуд, ба табиат зарба мезанад. Таъсири ин зарба на танҳо ба табиат, балки ба иқтисодиёт низ мерасад. Бинобар ин ба намоиш гузоштани ин аксҳо ба он хотир аст, ки диққати мардум ба табиат, ба ҳифзи он зиёдтар шавад ва то андозае маҳвшавии олами набототу ҳайвонот пешгирӣ карда шавад. «Мо мехоҳем, ки сайёра сабз бошад, чунки аз сайёраи сабз манбаи ҳастии тамоми мавҷудоти зинда оғоз мешавад»,-илова кард Комил Саидов.

 

Намоиши Суратхои Навруз Саидов- (3)Директори Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб Тилло Бобоев, ки аз  намоиш дидан мекард, аз тамошои ин аксҳои баландмазмуну ифодакунандаи фарҳанги миллӣ таассуроти баланд бардошт. «Икдоме, ки имрӯз аз ҷониби ин ҷавонон- Комил ва Наврӯз Саидовҳо гирифта шуд, барои баланд бардоштани маърифати экологӣ ва солимии кишвари мо аҳамияти хосса дорад. Онҳо ба воситаи аксҳо аз мардуми кишвар даъват ба амал овардаанд, ки ба қадри сарватҳои табиӣ бирасем».

Хотиррасон мекунем, ки намоиши «Сайёраи сабз» аз 24 май то 7 июн идома меёбад.

Мавҷуда АНВАРӢ

Намоиши Суратхои Навруз Саидов (17)

 

Май 25, 2017 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад