Ҷавонони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон меҳмони ҷавонони Истаравшан ва Мӯъминобод мешаванд

Май 15, 2017 17:25

ДУШАНБЕ, 15.05.2017/АМИТ  «Ховар»/. Дар асоси чорабиниҳои муштараки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз 15 то 18 майи соли равон  ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар  меҳмони шаҳри Истаравшани вилояти Суғд  ва ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон  мегарданд.

Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, иқдоми мазкур бахшида ба Ҳафтаи ҷавонон ва Соли ҷавонон роҳандозӣ шудааст.

Субҳи имрӯз ду гурӯҳи ҷавонон иборат аз 50-нафарӣ  ба самти шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Мӯъминобод сафар намуданд.     Мақсади асосии сафар  шиносоии онҳо бо расму оинҳои минтақаҳои кишвар, аз наздик шинос шудан бо урфу одат, таъриху фарҳанг ва суннатҳои хоси ниёгон мебошад.

«Иштирокчиёни чорабинӣ давоми се рӯз дар макони истиқоматӣ бо оилаҳои фаъолу намунавӣ ҳамсуҳбат гардида, дӯстии худро бо ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар мустаҳкам менамоянд»,- гуфтанд аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар  асоси нақшаи мазкур давоми сол меҳмонии ҷавонон дар дигар минтақаҳои кишвар низ дар назар дошта шудааст.

 

 

Май 15, 2017 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт