Ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар масъулияти бузургро ба дӯш доранд

Май 11, 2017 16:26

ДУШАНБЕ, 11.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар шаҳри Душанбе дар Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти унвони «Ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар масъулияти бузургро ба дӯш доранд» ҳамоиш доир гардид.

Дар ҳамоиш аҳли маориф ва илм, устодон ва хонандагон иштирок карданд.

Ҷамшед Олимов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе иброз дошт, ки Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи боварӣ, таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба ин қишри ҷомеа аст.

Сиёсати давлатии ҷавонон сиёсатест, ки барои татбиқи он тамоми сохторҳои ҳукумативу ҷамъиятӣ бояд фаъолияти муштарак ба роҳ монанд. Бо истифода аз неруи созандаи наслҳои имрӯзу фардо ба манфиати давлату ҷомеа тарбия кардани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи мост, то ки ҷавонону наврасон аз даст задан ба ҳар гуна аъмолу омилҳои зишт, аз қабили пайвастан ба сафи гурӯҳҳои тундраву ифротгаро худдорӣ кунанд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин зикр гардид, ки ҷавонон ҳамчун идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи миллат, сарчашмаи ташаббусҳои бузург,  манбаи ғояҳои нав, парчамбардорони миллат, эҷодкорони тақдири имрӯзу оянда, таҳкимбахшандагони ваҳдати миллӣ, муҳофизони боэътимоди истиқлолияти Ватан, бунёдгузорони давлати мутамаддини дунявӣ ва демократӣ эътироф гардида, дар ободонии Ватан масъулияти калоне бар  дӯш доранд.

2

 

 

Май 11, 2017 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт