Азизулло Зиёзода: «Тозагиву ободии пойтахт аз озодагии кӯчаву маҳалли зисти ҳар яки мо сар мешавад»

Май 17, 2017 17:17

ДУШАНБЕ, 17.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе  ва дастгирии сокинон   Душанбе  рӯз то рӯз ободу  зебо   мегардад. Дарахтони ҳамешасабзи сояафкану ороишӣ, гулҳои рангоранг ва сабзазори  кӯчаву хиёбонҳои он дили ҳар бинандаро ба ваҷд оварда,  ба пойтахт  ҳусну таровати тоза  мебахшанд.

Тавре маълум аст, ин ҳама ободиву зебоӣ  ба осонӣ ба даст намеояд. Субҳи барвақт, вақте ки сокинону меҳмонони пойтахт ҳанӯз дар хоби нозанд,  кормандони муассисаҳои давлатии  истифодабарии   роҳҳои ноҳияҳои  шаҳри Душанбе  ба тозаву ороста намудани кӯчаву хиёбонҳои он машғуланд.

DSC_0723+Имрӯз хабарнигори  АМИТ «Ховар»  бо  ҷараёни кори кормандони Муассисаи давлатии  истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бевосита шинос шуда, бо сардори муассисаи  мазкур  Азизулло Зиёзода  ҳамсуҳбат гардид. Номбурда оид ба фаъолияти муассиса дар самти ободониву сабзазоркунӣ  чунин изҳори андеша  намуд:

«Ноҳияи Сино яке аз калонтарин ноҳияҳои пойтахт маҳсуб шуда,  масоҳати он  43,8 км/ мураббаъро ташкил медиҳад ва   теъдоди аҳолиаш зиёда аз  307,3 ҳазор нафар  мебошад. Табиист,  ки ҳаҷми корҳои ободониву нигоҳдории роҳҳо дар ноҳияи мо  назар ба дигар ноҳияҳои пойтахт зиёдтар аст. Дар Муассисаи давлатии  истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино 1470 нафар корманд фаъолият дошта, 1060 нафари онҳоро роҳрӯбон ташкил медиҳанд.  Дар тавозуни муассиса 67 адад нақлиёт  қарор дорад, ки ба аҳолӣ дар бурдани партовҳо, кашонидани об ва дигар корҳо хизмат мерасонанд. Айни замон корҳои ободонӣ, таъмири ҷории роҳҳо, шинонидани гулҳо, ташкил намудани чаманзор, тоза нигоҳ доштани роҳу ҷӯйборҳо дар   ноҳия муташаккилона ҷараён доранд.

То имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Сино 3370 бех ниҳол,  аз ҷумла   1140 бех  дарахтони сояафкан,  1940 бех  дарахтони ороишӣ  ва  290  бех дарахтони буттагӣ,  дар масоҳати 3630 метри мураббаъ гулҳои бисёрсола, дар масоҳати 14406 метри мураббаъ гулҳои мавсимӣ,  дар масоҳати 2820  метри мураббаъ  гулҳои канна ва дар масоҳати 1300 метри мураббаъ гулҳои  лола шинонида шудаанд.

DSC_0744+

Инчунин  дар масоҳати 18 ҳазору 744 метри мураббаъ  чаманзор (сабзазор)  ташкил карда шуда, роҳҳои ҳудуди ноҳия ба масоҳати 6 682 метри мураббаъ таъмир гардидаанд.

Дарахтони шафати роҳҳо мунтазам аз шоху навдаҳои зиёдатӣ тоза гардида, дарахтони ороишӣ ба шакл дароварда мешаванд. Дар гузаргоҳҳои зеризаминии назди «Боғи ҳайвонот», Қарияи боло ва Терминали мусофиркашонӣ таъмири ҷорӣ гузаронида шуд.

Фаввораҳои назди ҳайкали Абуалӣ ибни Сино ва Кӯли «Чавонон», ки  дар тавозуни муассисаи мо қарор доранд, таъмир гардида, пурра  фаъолият доранд.

DSC_0761+

Роҳу роҳравҳо, гузаргоҳи зеризаминӣ, ҷӯйборҳо ҳамарӯза рӯбучин ва тозаву озода гардонида мешаванд. Истгоҳҳои нақлиёти мусофиркашонӣ дар ҳолати хуби санитарӣ нигоҳ дошта шуда, дар мавридҳои зарурӣ таъмир карда мешаванд.

Мо аз ҳамаи сокинони ноҳия  даъват ба амал меорем, ки ба қадри заҳмати сангини роҳрӯбҳо расанд, зеро тозагиву озодагӣ вақте муяссар мегардад, ки дигарон  онро риоя намоянд, нагузоранд, ки сабзазору дарахтони бо заҳмати зиёд парваришёфта поймолу шикаста гарданд.

Сокини пойтахт будан ифтихори бузург аст. Сокинони мо низ кӯшиш намоянд, ки ба ин ифтихору шарафмандӣ сазовор бошанд.  Фаромӯш насозанд, ки тозагии шаҳри мо аз тозагии кӯчаву маҳалли зисти  ҳар яки  мо сар мешавад».

Рухсораи НУР

 

Май 17, 2017 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун баргузор мегардад
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун доир мешавад
«БИХАНДАД ЛОЛА БАР САҲРО…». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Сайри гули лола» ҷамъбаст шуд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Ҷаласаи Комиссияи озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид
«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!». Дар Душанбе ҳамоиши гирандагони стипендия ва квотаҳои президентӣ доир гардид