Б.Ғафуров: имсол 70 тонна бештар пилла истеҳсол карданианд

Май 15, 2017 17:02

ДУШАНБЕ, 15.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Кирмакпарварони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд иқдом гирифтаанд, ки дурнамои истеҳсоли пилларо имсол 70 тонна зиёд намоянд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар доданд, соли 2016 аз ҷониби хоҷагиҳою аҳолии ноҳия 92 тонна пилла истеҳсол шудааст. Имсол дар асоси барномаи «Рушду тараққиёти соҳаи пиллапарварӣ ва коркарди он» пиллапарварони ноҳия бо гирифтани 3240 қуттии кирмак азм доранд ин шумораро ба 162 тонна расонанд, ки нисбат ба соли гузашта 70 тонна зиёд мебошад.

Дар ҳудуди ноҳия 11 хоҷагии калонтарин ва 3 ҳазор нафар пиллапарварони таҷрибадор аз давраи зинда кардан дар худи хоҷагиҳо ва ҷойҳои махсуси назди манзилҳои истиқоматӣ корҳоро ба роҳ мондаанд.

Яке аз омилҳои фаровонҳосилии пилла- ин таъмин будан бо барги тут мебошад. Аз рӯи маълумоти Раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 750 ҳазор бех ниҳолҳои қатори тут ва дар 75 гектар майдони тут мавҷуданд, ки барои таъминот ва парвариши кирмак басанда мебошанд.

Ба гуфтаи масъулин, айни ҳол 500 қуттии кирмак дар давраи 5-уми афзоиш қарор доранд. Ҷамъоварии маҳсули заҳмат 15-16 май оғоз ёфта, пиллапарварон азм доранд нақшаи пешбинишударо босифат иҷро намоянд.

 

 

Май 15, 2017 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд