Ба сокинони ноҳияи Нуробод танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фаҳмонида шуд

Май 4, 2017 12:05

Хабарҳои мавзӯъ

Вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ дар ноҳияи Нуробод_1

НУРОБОД, 04.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Нуробод бо иштироки мутахассиси пешбари  Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Муслиҳиддин Хоҷамиров ва судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Абдуллозода   ва кормандони дастгоҳи раиси ноҳия,  мудирони шуъбаю бахшҳо, вакилони ноҳия, фаъолону ҷавонон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва имомхатибон мулоқоти судманд доир гардид. Дар ин бора  аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳия ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ҳадафи асосии вохӯрӣ ба сокинони ноҳия фаҳмондани муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд.

Зикр гардид, ки қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида,  барои  таъмини  зиндагии осудаи мардум равона гардидааст.

 

Май 4, 2017 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

раиси вилояти хатлон«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Шахри КулобСеминари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»
Новый рисунокНорак: аҳамияти ширкати занон дар идоракунӣ
Точикобод. Вохурихо бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар муассисаҳои миёнаТоҷикобод: вохӯриҳои судманд бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ
Дар шаҳри Хоруғ нахустин утоқи физиотерапевтӣ бо усули гилдармонӣ боз шудДар шаҳри Хоруғ нахустин утоқи физиотерапевтӣ бо усули гилдармонӣ боз шуд
АштАшт: тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ
хатлон номзади илми варзиш SAM_4147Дар Соли ҷавонон дар ноҳияи Носири Хусрав панҷ нафар унвони «Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро соҳиб гаштанд
Нихолшинони1Мутахассисони ҷавони корхонаи «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул»-и ноҳияи Варзоб дар бунёди боғи ҷавонон саҳми арзанда гузоштанд
Ҷамоати Чуянгарони шаҳри Ваҳдат аз байни 11 ҷамоати шаҳраку деҳот якумин шуда нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро иҷро намудҶамоати Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат аввалин шуда нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро иҷро намуд
бунёди касри фарханг дар МастчохДар ноҳияи Мастчоҳ Қасри фарҳанг бунёд мешавад
Чаласаи ситоди ХатлонБа Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон дастгоҳҳои нави замонавӣ дастрас шуданд
Чаласаи ситоди ХатлонДар вилояти Хатлон нақшаи иҷрои андоз барзиёд иҷро гардид