Баимзорасии қарордод оид ба корҳои сохтмониву соҳилмустаҳкамкунӣ миёни Агентии беҳдошти замин ва Маркази имдоди Арабистони Саудӣ

Май 23, 2017 16:27

ДУШАНБЕ, 23.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими баимзорасии қарордод байни Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Подшоҳ Салмон (Шоҳигарии Арабистони Саудӣ)  оид ба анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Қарордодро аз ҷониби Тоҷикистон муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Ғаффорзода ва аз ҷониби Арабистони Саудӣ Кордори сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Бадр ал-Утайбӣ ба имзо расониданд.

Ҳабибулло Маҳмадуллоев, сардори бахши сохтмон ва соҳилмустаҳкамкунии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр кард, ки: «мувофиқи қарордоди баимзорасида дар масофаи 20 километри соҳили дарёи Панҷ (минтақаи ноҳияи Ҳамадонӣ) саддҳои муҳофизатӣ ва наздик ба 100 адад дандонасаддҳои оҳану бетонӣ сохта мешаванд. Ҳамчунин қад-қади сойи Чубек (ноҳияи Ҳамадонӣ) ба дарозии 2197 метр саддҳои муҳофизатӣ сохта шуда, тоза намудани маҷрои сой ба дарозии 764 метр амалӣ карда мешавад».

Барои иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Панҷ ва сойи Чубек Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Подшоҳ Салмон (Шоҳигарии Арабистони Саудӣ) дар ҳаҷми 6 млн. 353 ҳазор доллари ИМА маблағ ҷудо кард. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби 6 корхонаи ватанӣ- ширкатҳои «Оби деҳот», «Муҳаммад Амин», «Обрасон», «Глобал Строй Трединг», «Собир-Сам» ва «Низор» амалӣ карда мешаванд. Анҷом додани лоиҳа моҳи марти соли 2018 дар назар дошта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор ва дорои обҳои саршор ҳамасола бо хатари селу обхезӣ дучор меояд. Тибқи иттилои Муассисаи обуҳавошиносии кишвар «дар давраи тирамоҳ-зимистони солҳои 2016-2017, хусусан дар моҳи январи соли равон қариб дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ боришоти зиёди барф ба қайд гирифта шуда, дар ҳавзаи дарёи Панҷ обнокии барф то 163 фоизи меъёри муқарраршударо ташкил дод».

Амалӣ намудани корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ барои аз хавфи селу оқибатҳои ногувори обхезӣ эмин нигоҳ доштани хоҷагии халқ, иншооти кишоварзӣ ва майдонҳои кишт равона карда шудааст.

А.САНГЗОДА 

Сафорати АРАБИСТОН (4)

Май 23, 2017 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид