Балҷувон: «Шоми ҷавонӣ» ҷавононро сарҷамъ намуд

Май 3, 2017 11:54

ДУШАНБЕ, 03.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Балҷувон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамоиши фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ» баргузор гардид.
Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиш намоиши дастовардҳои ҷавонони ноҳия ба тамошо гузошта шуд ва он аз ҷониби меҳмонон баҳои баланд гирифт.
Мавлуда Оймаҳмадова, муовини раиси ноҳияи Балҷувон баён намуд, ки ҷавонони Хатлонзамин амалҳои наҷиби Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, дар роҳи инсондӯстӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастӣ ва ҳифзи арзишҳои миллии кишвар ҷаҳду талош менамоянд.
Дар ҳамоиш масъулин ҷавононро ба ободкориву созандагӣ, хуррамгардонии ноҳия, кӯчаву маҳаллаҳо даъват намуда, изҳор доштанд, ки онҳо бояд дар ҳамаи корҳо дастаҷамъона иштирок намоянд.
Ҳамоиш бо мақсади мустаҳкам намудани риштаи дӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо доир гардид.

Май 3, 2017 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд