Барқияи табрикии Пешвои миллат ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея Мун Чжэ Ин

Май 10, 2017 20:09

ДУШАНБЕ, 10.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея Мун Чжэ Ин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ

Дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Корея сарфарозам ба Шумо табрикоти самимии худро ирсол намоям.

Мо аз сатҳи имрӯзаи ҳамёрии васеъ бо кишвари Шумо қаноатмандем ва ба дурнамои он дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн назари некбинона дорем.

Изҳори итминон менамоям, ки тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои кишварҳои мо, ки чанде пеш 25-солагии оғози онҳоро ҷашн гирифтем, ба нафъи мардумонамон ба зинаҳои бозҳам баландтар бардошта хоҳанд шуд.

Бо ибрози беҳтарин таманниёт, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комилу саодат ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиву дастовардҳои навин баҳри пешрафт ва шукуфоии Ҷумҳурии Кореяи дӯст орзумандам».

Май 10, 2017 20:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон