Баррасии ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ

Май 30, 2017 08:17

ДУШАНБЕ, 30.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Раиси Кумитаи саёҳат ва мероси ватании мамлакат Шоҳзода Султон ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ хабар доданд.

Зимни суҳбат, ки дар фазои дӯстию самимият сурат гирифт, ҳарду ҷониб масоили вобаста ба вусъат додани робитаҳоро дар бахши сайёҳӣ ва ҷаҳонгардии миёни ду кишвар баррасӣ намуданд.

Бо назардошти рағбати зиёд ба  густариши чунин ҳамкорӣ аз ҳарду ҷониб таъкид гардид, ки бояд робитаҳои мустақими миёни ширкатҳои сайёҳии ду кишвар роҳандозӣ шавад.

Ифтитоҳи хатсайрҳои мустақими ҳавопаймоӣ низ амри зарурӣ дониста шуд.

Ҳарду ҷониб омодагии қавии худро ба тавсиаи ҳамкорӣ дар ин самт ва мусоидат ба ширкатҳои сайёҳии ду кишвар таъкид доштанд.

Саъуди-3 Саъуди-4

Май 30, 2017 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид