Баррасии беш аз 50 масъала дар Шӯрои Маҷлиси миллӣ

Май 17, 2017 16:47

ДУШАНБЕ, 17.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Беш аз 50 масъала дар ҷаласаи Шӯрои  Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 май дар Душанбе баргузор гардид, баррасӣ шуданд.

Аз ҷумла,  аъзои Шӯро  лоиҳаи қарорҳои  Шӯрои Маҷлиси миллиро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Дар бораи интихоботи вакилон  ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», «Дар бораи  Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақомоти прокуратураи   Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ карданд.          Ҳамзамон дар ҷаласаи Шӯрои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон  лоиҳаи қарорҳои Шӯрои  Маҷлиси миллӣ  «Дар бораи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағийру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи  касбӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи  ҳимоя ва дастгирии  давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», тағйиру иловаҳо  ба кодексҳои андоз ва гумрук ва дар маҷмӯъ зиёда аз 50 масъала муҳокима гардиданд. Масъалаҳои баррасишуда марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар буда,   аз ҷониби раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ баррасӣ гардиданд ва ҷиҳати ҷонибдорӣ  ба иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки фардо дар Душанбе баргузор мешавад, пешниҳод шуданд.

 

 

Май 17, 2017 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид
ФАЗОИ ДИНӢ ВА ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ МУОСИР. Ҳамовозӣ ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин