Бонки миллӣ фаъолияти ташкилотҳои қарзии «Асрина» ва «Армон»-ро қатъ гардонид

Май 4, 2017 10:46

Хабарҳои мавзӯъ

БМ

ДУШАНБЕ, 04.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарорҳои навбатии худ аз 1 майи соли равон дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва дархости ҶДММ Ташкилоти қарзии хурди «Асрина» ва Филиали қарзии хурди «Армон» оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ, фаъолияти ташкилотҳои қарзии номбурдаро қатъ гардонид. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Инчунин бо қарорҳои дахлдори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 майи соли равон дар асоси моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва моддаҳои 6, 10, 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» иҷозатномаҳои Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд (ҶСП ТАҚХ) «Самар», ҶСП ТАҚХ «Вориси замон», ҶСП ТАҚХ «Амлок» ва ҶСП ТАҚХ «Нисор Фом» бозхонд карда шуда, фаъолияти онҳо бинобар оғози расмиёти барҳамдиҳӣ қатъ карда шуданд.
Бояд зикр намуд, ки ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилотҳои зикргардида дар асоси қарорҳои қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунанда омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд.

Май 4, 2017 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

БМТ ХБА _vstrecha_3Баррасии масъалаи пешбурди сиёсати иқтисодии давлат дар Бонки миллии Тоҷикистон
Бонки миллиБонки миллии Тоҷикистон вазъи имрӯзаи бозори дохилии асъорро шарҳ дод
IMG_0381Муаррифии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар Брюссел
Парчами Точикистону Арабистони СаудиСозишномаи қарзӣ баҳри татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна, марҳалаи 4» миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Сандуқи Рушди Саудӣ
18518979_1463220237061632_38806735_oДар Ҷидда Созишномаи қарзӣ барои татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингузари Кӯлоб- Қаълаихумб, минтақаҳои A ва F» ба имзо расид
Ш. Зухуров ва Пан ЮнхеМубодилаи мол байни Тоҷикистону Чин дар соли 2020 ба 3 миллиард доллар расонида хоҳад шуд
DSC_0381+Дар «Кохи Борбад» намоиш-фурӯши маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ доир шуд
????????????????????????????????????Баррасии дурнамои рушди бозори байнибонкӣ дар Тоҷикистон
????????????????????????????????????Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI)
Форуми Сохбкорони КАЗ+ТОЧ (14)Қазоқистон баъд аз Россия ва Чин дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ҷойгоҳи арзишманд дорад
Форуми Сохбкорони КАЗ+ТОЧ (5)Ба имзо расидани қарордод ба маблағи $ 3 миллион байни «Amitech Astana» ва «ПластСервис»-и Тоҷикистон
Бизнес Форум (2)Дар Душанбе имкониятҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон муаррифӣ шуданд