Бонки миллии Тоҷикистон вазъи имрӯзаи бозори дохилии асъорро шарҳ дод

Май 24, 2017 16:00

ДУШАНБЕ, 24.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.   Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъорро  дар панҷ моҳи соли 2017 шарҳ дод. Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, дар бозори дохилии асъор хариду фурӯши доллари ИМА, рубли русӣ ва ба ҳаҷми ночиз — евро аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар се қисмати он (байнибонкӣ, дохилибонкӣ ва нақдӣ) дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ анҷом дода мешаванд.

Дар ҳамин давра дар ин бозор ба маблағи умумии мутаносиб ба 2 млрд. 015 млн. 100 ҳазор  доллари ИМА асъори хориҷӣ харидорӣ гашта, маблағи умумии мутаносиб ба 2 млрд. 258 млн. 600 ҳазор доллари ИМА асъори хориҷӣ фурӯхта шудааст.

Аз маблағи умумии харид 37,2 фоиз ба доллари ИМА, 61,3 фоиз ба рубли русӣ ва 1,5 фоиз ба евро рост омада, аз ҳаҷми умумии фурӯш  56,7 фоиз ба доллари ИМА, 38,2 фоиз ба рубли русӣ ва 5,1 фоиз ба евро рост меояд.

Дар баробари ин, БМТ зикр менамояд, ки аз ҳаҷми умумии асъори хориҷии харидоришуда танҳо 4,4 фоиз ва аз фурӯхташуда танҳо 8,7 фоизаш асъори хориҷии нақд буда, 95,6 фоизи харид ва 91,3 фоизи фурӯши асъори хориҷӣ дар шакли ғайринақдӣ сурат гирифтааст.

Тағйирёбии қурби пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА дар ин давра ба дурнамои он мувофиқ буда, бо раванди коҳишёбии нисбатан муътадили қурби расмӣ ва пастшавии аз эътидол беруни қурби нақдӣ мувофиқат мекунад.

Чунончи, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 7,9 фоиз (дар соли 2016 — 10,8 фоиз) коҳиш ёфта, қурби бозории доллари ИМА-и нақд  12,4 фоиз (дар соли 2016 — 5,4 фоиз) баланд шудааст.

Фарқияти аз 2 фоиз зиёд набудаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши бозории пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ муҳимтарин нишондиҳандаи вазъи он буда, мавҷуд будани реҷаи қурби ягонаи пули миллӣ нисбат ба  асъори хориҷиро тасдиқ менамояд. Риояи меъёри мазкур   нишондиҳандаи ҳатмии назоратии иҷрои талаботи барномаҳои маблағгузории ҷумҳурӣ аз ҷониби ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва минтақавӣ маҳсуб мешавад.

«Мутаассифона, дар ҳамин давраи соли 2017 зери таъсири омилҳои номусоиди берунӣ ва дохилӣ фарқияти байни қурби расмӣ ва қурбҳои мубодилавии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА аз 0,6 фоиз дар аввали сол то ба 4,5 фоиз (дар санаи 23.05.с.2017) баланд шуд,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти бонк. —  Ҳолати мазкур ба аз нав ҷоннок гаштани фаъолияти бозори ғайрирасмии хариду фурӯши асъори хориҷии нақд, афзоиши ҳолатҳои ҳаннотӣ ва дигар қонуншиканиҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ мусоидат намудааст».

Бонки миллӣ дар айни замон зарур мешуморад, ки минбаъд ба сифати қурби расмии сомонӣ нисбат ба  доллари ИМА қимати миёнавазни қурбҳои миёнавазни хариду фурӯши доллари ИМА дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ қабул карда шуда, он бо назардошти риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоиза ҳамгунсозӣ (унификатсия) карда шавад.

 

Май 24, 2017 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад
Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ваҳдат 104,7 фоиз иҷро гардид
«Амонатбонк» дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар Файзобод ҳамоиши омӯзишӣ баргузор намуд