Боздошти сокини ноҳияи Мурғоб бо сангҳои қиматбаҳои ёқут

Май 11, 2017 11:31

ДУШАНБЕ, 11.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 58-солаи  сокини ноҳияи Мурғобро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо дастгир намуданд.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дасти гумонбаршуда 1 адад халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилаш зиёда аз 31 грамм сангҳои сурхчатоб буданд, дарёфт ва мусодира карда шуд. Мутобиқи ташхиси коршиносон инҳо сангҳои қиматноки ёқут буда, марди гумонбар мехост онҳоро ғайриқонунӣ ба муомилот барорад.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

 

 

Май 11, 2017 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд