Бузургдошти Мирзо Турсунзода дар Эрон

Май 23, 2017 14:55

ДУШАНБЕ, 23.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар Теҳрон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ-  ЭКО) ба ифтихори бузургдошти маъруфтарин шоири  сулҳпарвар, Қаҳрамони Тоҷикистон  Мирзо Турсунзода ҳамоиш доир гардид.

Дар ҳамоиш нависандагон, олимон, сафирон ва намояндагони ҳайати дипломатии муқими Теҳрон ва шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок ва  маърӯза намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода доир ба ҷойгоҳи устод Мирзо Турсунзода дар таърихи миллату кишвар ва паҳлӯҳои мухталифи  ҳаёт ва эҷодиёти шоир таъкид кард, ки ӯ ҳамчун  фарди фарҳангии фаъол ва муборизи матини роҳи озодӣ, тараннумгари ғояҳои сулҳу дӯстӣ ва шоири тавоно дар ташаккули ғояи миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва рушди  фарҳанги тоҷикон нақши муаассир дорад.

Дар ҳамоиш порае аз филми мустанади «Фарзанди азизи Тоҷикистон» бахшида ба зиндагӣ ва фаъолияти Мирзо Турсунзода намоиш дода шуд. Инчунин барои шиносии бештар бо ҳаёт ва фаъолияти шоири номдори тоҷик Мирзо Турсунзода китобҳо бо  забонҳои форсӣ ва англисӣ ба иштирокдорони ҳамоиш тақдим гаридиданд.

 

 

 

Май 23, 2017 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд