Дар Душанбе амалиёти «Кӯкнор-2017» роҳандозӣ мегардад

Май 26, 2017 09:27

ДУШАНБЕ, 26.05.2017. /АМИТ Ховар/.  Қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ аз 25 майи соли 2017  «Дар бораи гузаронидани амалиёти «Кӯкнор — 2017»  ба тасвиб расид.

Тавре аз  Раёсати  иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд,  қарори мазкур  бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ оид ба ошкору нобуд кардани растаниҳои нашъаовари худрӯй, тақвият бахшидан ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар шаҳри Душанбе  нигаронида шудааст.

Тибқи қарори мазкур  дар шаҳри Душанбе дар давраи аз 20 май то 30 ноябри соли 2017 амалиёти «Кӯкнор-2017» гузаронида  шуда,  бо мақсади таъмини роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба ташкил ва гузаронидани  амалиёти «Кӯкнор-2017»  Ситоди шаҳрӣ таъсис дода шудааст.

Дар қарор ҳамчунин омадааст, ки Ситоди шаҳрӣ вазифадор  аст, ки аз натиҷаи фаъолият ва тадбирҳои андешидашуда дар давраҳои якум ва дуюми амалиёт то 10 сентябр ва 10 декабри соли 2017 ба Раиси шаҳри Душанбе ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот  ирсол намояд.

 

Май 26, 2017 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ». Дар Душанбе Фестивали чоруми дӯстии ҷавонон доир мешавад
«КАРНАВАЛИ НАВРӮЗӢ». Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
«Карнавали Наврӯзӣ» дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе 25 март баргузор мегардад
ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗИ МАН! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ сокинону меҳмонон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва сарбозони қисмҳои низомӣ кумак расонида шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар тамоми боғҳои пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд
Субҳи имрӯз дар «Боғи Ғалаба» сокинони чор ноҳияи пойтахт бо оростани гулхани ҷашнӣ фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
РАМЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе табақи суманак гузошта шуд
Дар Душанбе бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон фестивали байналмилалӣ оғоз ёфт
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ-МАКОНИ БЕҲТАРИНИ САЙЁҲӢ. Дар айёми баҳор пойтахт барои гардишгарӣ хеле муносиб аст