Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонон мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад

Май 19, 2017 08:09

Хабарҳои мавзӯъ

Аспдавони Душанбе

ДУШАНБЕ, 19.05.2017. /АМИТ Ховар/. Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 17 майи соли равон «Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» ба тасвиб расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур бо мақсади рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, фароҳам овардани имконоти фароғату истироҳати сокинони пойтахт, ташвиқу тарғиби пойгаи аспдавонӣ дар ҷумҳурӣ, рӯзи 20 майи соли 2017, соати 1700 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад.
Бо қарори мазкур нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳайати кумитаи тадорукот тасдиқ гардида, муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо кумитаи тадорукот, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи бузкашӣ ва пойгаи Тоҷикистон барои даъват ва ҷалби беҳтарин аспсаворон ва корхонаҳои асппарварии ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Май 19, 2017 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ДастгохМақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шаҳрвандонро ба озмуни кушод даъват менамояд
Чавонон--- (1)Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамоиши «Мо насли истиқлолем!» оғоз мегардад
Рынок Душанбе-2Дар моҳи Рамазон бозорҳои шаҳри Душанбе бо молу маҳсулоти арзон ғанӣ гардонида мешаванд
DSC_0159---Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар пойтахт шоу-барнома ва ҳамоиши «Мо насли истиқлолем!» доир мегарданд
DSC_0210+Сокинони бародаршаҳри Боулдер ба душанбегиҳо беш аз 1300 нусха адабиёти илмиву бадеӣ тақдим намуданд
DSC_0759+Азизулло Зиёзода: «Тозагиву ободии пойтахт аз озодагии кӯчаву маҳалли зисти ҳар яки мо сар мешавад»
DSC_0716+«Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» истеъдодҳоро ҷустуҷӯ дорад
ДастгохДушанбе: масъулин сокинони пойтахтро ба камхарҷ гузаронидани ҷашну маросимҳо даъват менамоянд
Хафтаи Технология ИновациЯ (4)Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оғоз гардид
Абдумачид УсмонзодаАбдумаҷид Ҳакимзода: Нақшаи генералии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид, ки тибқи он масоҳати пойтахт тайи солҳои оянда дар чаҳор самт ҳазорҳо гектар васеъ мешавад
Рустами Эмомали -97Мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон», «Дави миллӣ» ва «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон» бахшида ба Соли ҷавонон
ДастгохИнтиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаҳои А. Деҳлавӣ ва С. Носиров муваққатан қатъ мегардад