Дар Душанбе бахшида ба Соли ҷавонон дар Майдони «800-солагии Москва» барномаҳои фарҳангӣ, бадеӣ ва фароғатӣ баргузор мегарданд

Май 3, 2017 15:06

ДУШАНБЕ, 03.05.2017. /АМИТ Ховар/. Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Оид ба ташкили барномаҳои фарҳангӣ, бадеӣ ва фароғатӣ дар Майдони «800-солагии Москва» бахшида ба Соли ҷавонон» ба тасвиб расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва равобити хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, бо ин қарор нақшаи баргузории барномаҳои мазкур тасдиқ гардида, Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои фарҳанг ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои таъмини иштироки дастаҳои ҳунарӣ ва шоирону нависандагон дар ҷойи баргузории чорабинӣ вазифадор гардидаанд.
Тибқи нақшаи тасдиқшуда барномаҳои фарҳангӣ, бадеӣ ва фароғатӣ дар Майдони «800-солагии Москва» аз 29 апрел то 24 июни соли 2017, аз соати 18:30 то 20:00 баргузор мегарданд.
Хотиррасон менамоем, ки дар ин давра Ансамбли давлатии «Сомон», Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Ансамбли давлатии хизматнишондодаи «Лола», Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодиву консертӣ, дастаҳои ҳунарии Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе, Иттиҳодияи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо», Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев ва Ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои рангини консертӣ хотири ҳаводорони санъати мусиқиро шод мегардонанд.

Май 3, 2017 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун баргузор мегардад
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун доир мешавад
«БИХАНДАД ЛОЛА БАР САҲРО…». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Сайри гули лола» ҷамъбаст шуд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Ҷаласаи Комиссияи озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид
«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!». Дар Душанбе ҳамоиши гирандагони стипендия ва квотаҳои президентӣ доир гардид