Дар Душанбе конфронси байналмилали «Нақши ҷавонон дар рушди илм, инноватсия ва технология» баргузор гардид

Май 12, 2017 14:23

ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ«Ховар»/. Дар меҳмонхонаи «Серена» бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мешавад,  дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар рушди илм, инноватсия ва технология» конфронси  илмӣ-амалии байналмилалӣ  баргузор гардид.

Тавре аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, конфронси мазкур аз тарафи Шўрои олимони ҷавони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимони ҷавон аз муассисаҳои илмӣ-таълимии мамлакат ва меҳмонон аз кишварҳои ИДМ баргузор карда шуд.

Зикр гардид, ки  олимони ҷавон имрўз бо назардошти авзо ва татбиқи сиёсати ҷаҳонишавӣ фаъолияти илмии сазовор доранд ва ҷомеаи муосир бе саҳми онҳо тасаввурнопазир мебошад. Бо  назардошти Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисси масъулиятшиносии олимони ҷавон низ дар рушди технологияҳо ва инноватсия ба маротиб афзоиш ёфтааст.

Пас аз ҷаласаи пленарӣ конфонс кори худро дар ду бахш: бахши илмҳои дақиқ ва бахши улуми ҷомеашиносӣ идома бахшид. Олимони ҷавон  Мину Мамадюсупова (Тоҷикистон), Михаил Вождаев (Федератсияи Россия), Геворг Варданян (Арманистон), Елена Бабан (Молдова), Мээрим Суманбекова (Қирғизистон), Махмут Томанов (Қазоқистон), Фамин Салмонов (Озарбойҷон)  ва дигарон паҳлўҳои илми муосирро дар ҳудуди кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карданд.

 

 

Май 12, 2017 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд