Дар Душанбе масоили муҳими баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит баррасӣ мегардад

Май 18, 2017 16:46

ДУШАНБЕ, 18.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. 19-20 май дар шаҳри Душанбе Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон (ДДТТ) ва  Институти ҷамъиятии муҳосибон ва аудиторони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи VI байналхалқии илмӣ-амалиро дар мавзӯи «Масоили муҳими баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит» баргузор менамоянд.

Тавре аз ДДТТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, конференсияи мазкур ду рӯз идома хоҳад кард.

Дар кори  конфронси байналхалқӣ олимону коршиносон аз донишгоҳҳои гуногуни  Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Дар конференсия дар мавзӯъҳои «Масъалаҳои ҳолати муосири баҳисобгирии муҳосиботӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон»,  «Усулҳои ташхиси муфлисшавии корхонаҳои тиҷорати хурд», «Фаъолияти аудиторӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон: ҳолат ва дурнамои рушд», «Дороиҳои дарозмӯҳлат: баъзе ҷанбаҳои молиявӣ ва баҳисобгирии андоз» маърӯзаҳо шунида мешаванд.

 

 

 

Май 18, 2017 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вобаста ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Насби пойгоҳи базавӣ чӣ қадар арзиш дорад?
Тоҷикистон ва Узбекистон татбиқи лоиҳаҳои манфиатбахши муштаракро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1185 то 0.1205 сомонӣ муқаррар шудааст