Дар Гулистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беш аз 1 миллиард сомонӣ расонида шуд

Май 13, 2017 12:24

ДУШАНБЕ, 13.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба беш аз 1 миллиард сомонӣ расонида шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар чор моҳи авали соли 2017 корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба маблағи 1 миллиарду 10 миллиону 267,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта 264,9 миллион сомонӣ зиёд аст.

Тавре хабар доданд, давоми моҳҳои январ-апрели соли равон аз 28 корхонаи саноатии шаҳр 16 корхона (57,1 фоизи корхонаҳо) афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 102,6 фоиз то ба 562,3 фоиз таъмин намуданд. Дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳр 94,2 ҳазор тонна консентрати сурб, руҳ ва хокаи мис, 14,3 ҳазор тонна орд, 533,6 ҳазор метри мураббаъ қолин, 2,1 миллион дона зарфҳои шишагӣ, 284,0 ҳазор метри мукааб маҳсулоти оҳану бетонӣ ва дигар маҳсулоти саноатию мавриди ниёзи мардумро  истеҳсол намуданд.

«Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон бо 19 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ дошта, ба хориҷа ба маблағи 82,7 миллион доллар маҳсулот содирот  шудааст»,-иттилоъ доданд аз Хадамоти матбуотӣ.

 

 

 

 

 

Май 13, 2017 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд