Дар Хуҷанд Фестивали байналмилалӣ оид ба брейк-данс доир шуд

Май 16, 2017 11:59

ДУШАНБЕ, 16.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 13 май дар  Кохи фарҳангии Суғдиён бахшида ба Соли ҷавонон таҳти унвони «Баттл Суғд интернейшнл» (International battle Sogd) фестивал-озмуни  байналмилалӣ оид ба брейк-данс баргузор шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд, дар фестивал-озмун 8 даста ширкат варзида, барои гирифтани ҷоми фестивал мубориза бурданд. Аз ҷумла, дастаи брекдансчиёни давлати Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Душанбе, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ширкат варзиданд.

Фестивал-озмунро дар Кохи фарҳангии Суғдиён дар ҳузури бештар аз 500 нафар мухлисон муовини  Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ифтитоҳ бахшид. Дар вилояти Суғд бештар аз 100 нафар ҷавонон бо ин навъи варзиш машғул ҳастанд, ки барои онҳо тамоми шароит муҳайёст.

Мусобиқа таҳти доварии чемпиони секаратаи ҷаҳон, довари дараҷаи байналмилалӣ Ҷамол Асадуллоев оғоз гардид. Дар даври аввал мусобиқа байни дастаҳои Қазоқистон- Душанбе, Қирғизистон- Хуҷанд-2, Қӯрғонтеппа-Хуҷанд 3, Хуҷанд 1- Суғд бо намоиши ҳунари баланди ин санъати муосир баргузор шуд. Ба қисмати нимфиналӣ дастаҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Душанбе ва Хуҷанд-1 баромаданд. Баъдан барои ҷои аввал мубориза байни дастаҳои Қазоқистон-Қирғизистон ва барои ҷои сеюм байни дастаҳои Душанбе-Хуҷанд баргузор шуд.

Дар натиҷа дастаи Қазоқистон ҷои аввал, Қирғизистон ҷои дуюм ва Душанбе ҷои сеюмро сазовор гардиданд. Дар вазъияти тантанавӣ муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ  ва муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода ба ғолибон Ҷом, диплом ва мукофотпулиҳоро тақдим намуданд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ғолибонро муборакбод намуда, зикр кард, ки  ин фестивал дар такмили дӯстии ҷавонони кишварҳои ҳамҷавор нақши бориз дорад ва аз ҷониби дигар дар рушди ин навъи варзиш қадами ҷиддӣ хоҳад буд

Намоянда аз Қазоқистон Одил Ёсимуҳанов  барои қабули гарму самимӣ ва баргузории фестивали сатҳи баланд ба роҳбарияти вилоят ва ташаббускорони он арзи  сипос кард.

Меҳмонон аз ҷойҳои таърихии вилоят, чун Қасри маданияти Арбоб, Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Истиқлол, Музеи кишваршиносӣ, Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд низ боздид намуданд.

Дар Хуҷанд Фестивали байналмилалӣ оид ба брейк данс доир шуд

Май 16, 2017 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт