Дар идораҳои САҲШ танҳо афроде кор карда метавонанд, ки дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва шаҳрванди Тоҷикистон бошанд

Май 17, 2017 15:31

ДУШАНБЕ,17.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Аз ин ба баъд дар идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии /САҲШ/ Ҷумҳурии Тоҷикистон  онҳое  кор карда метавонанд, ки  дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар ин робита  17 май вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» тағйироту илова ворид намуданд.

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод зимни тавзеҳи масъалаи  мазкур гуфт, ки ҳадафи ворид намудани   тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  бақайдгирии  давлатии асноди  ҳолати шаҳрвандӣ» баланд бардоштани  сифати хизматрасонии ҳуқуқӣ дар идораҳои САҲШ ба шаҳрвандон мебошад.

Вазири адлияи Тоҷикистон дар посух ба саволи  Абдуҳалим Ғаффоров, вакили Маҷлиси намояндагон  дар мавриди тақдири минбаъдаи нафароне, ки маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ надоранд,  вале  дар идораҳои САҲШ кор мекунанд, гуфт, ки ба ин гуна  шахсон имконият дода мешавад, то дар бахши ҳуқуқшиносии донишгоҳҳои кишвар таҳсил намуда, соҳиби маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ гарданд.

 

 

Май 17, 2017 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид
ФАЗОИ ДИНӢ ВА ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ МУОСИР. Ҳамовозӣ ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ– ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Ҳамовозӣ ба Соли маърифати экологӣ эълон шудани соли 2024 дар шаҳри Душанбе
Мулоқоту суҳбатҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо сокинон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба анҷом расиданд