Дар Кумитаи рушди маҳал барои ободонии шаҳри Душанбе ситоди махсус таъсис ёфт

Май 4, 2017 17:14

ДУШАНБЕ, 04.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди кории махсус ташкил дод, ки роҳбарии онро Қосим Роҳбар, раиси Кумита ба уҳда дошта, ба ҳайати он Фарҳод Қодирзода, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, меъмори ваколатдори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Б.Юсуфов ва аъзои гурӯҳи кории Кумита шомиланд.
Тавре аз Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, вазифаи ситод аз гузаронидани корҳои ободонӣ ва сабзкорӣ дар гулгашти №5-и хиёбони Рӯдакӣ иборат мебошад, ки шурӯъ аз 24 апрел ҷараён доранд.
Ҳамзамон дар доираи иҷрои корҳои ободонӣ ва сабзазоркунӣ дар ин гулгашт, рангубори чароғҳои поядор, таъмири нурафканҳои баландиашон 10-метра, нишастгоҳҳо, қуттии барқӣ барои чароғҳои равшанкунии сатҳи замин, насб намудани нурафканҳои рангоранг барои ороиши шабонаи гулшанҳо, ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар низоми обшоркунии майдонҳо, мувофиқ намудани замин ба меъёрҳои агротехникӣ, гулзорҳо, гулдонҳои калони сангӣ, ҳошияи деворчаҳои зиннатӣ, башаклдарории дарахтон, сабза (газон), таввора кашидани атрофи гулгашт то анҷоми корҳои таъмирӣ босуръат идома доранд.
Масъулини кумита мақсад аз ташкили ситоди мазкурро ободу зебо гардонидани шаҳри Душанбе арзёбӣ намуданд.

Май 4, 2017 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд