Дар мақомоти прокуратура барои шахсоне, ки шаҳрвандии хориҷӣ доранд, ҷой нест

Май 3, 2017 17:21

Хабарҳои мавзӯъ

Парлумон

ДУШАНБЕ, 03.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Минбаъд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки соҳиби душаҳрвандианд, ҳуқуқ надоранд дар мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намоянд. Дар робита ба ин 3 май вакилони Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Тибқи ин тағйирот агар корманди мақомоти прокуратура соҳиби душаҳрвандӣ бошад, фаъолияти ӯ пеш аз муҳлат қатъ карда мешавад.
Ҳотам Назарзода, муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки ҳадафи ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баланд бардоштани масъулияти ва нақши кормандони мақомоти прокуратура дар ҳифзи манфиатҳои давлат ва миллат ва таҳкими пояҳои давлатдорист. Ҳамзамон ба моддаи 12- и лоиҳаи қонуни конститутсионӣ, қисми 3 илова карда шуд, ки тибқи он агар шахс бинобар камбудиҳои вобаста ба синну сол,бемории равонӣ ва ҷисмонӣ ҳуқуқҳои худро ҳимоя карда натавонад, прокурор дар доираи қонунгузории мурофиавии гражданӣ бо мақсади ҳифзи манфиату ҳуқуқ ва озодиҳои қонунии онҳо ба суд бо ариза муроҷиат менамояд, ки ин раванд имкон медиҳад, то эътибори прокурорҳо дар байни мардум баланд бардошта шуда, табақаи осебпазири ҷомеа, хусусан нафароне, ки мубталои беморӣ ва дигар маризиҳоянд, аз адолати иҷтимоӣ бархӯрдор гарданд.

Май 3, 2017 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

DSC_0738+Узви тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ савганд ёд кард
Роҳбарони шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳо дигар намояндаи Президент дар маҳалҳо нестанд (3)Роҳбарони шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳо дигар намояндаи Президент дар маҳалҳо нестанд
Шурои олли, (1)Ба Дастури Маҷлиси миллӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
ПарлумонҶонибдории пешниҳодҳои Президент аз сӯи аъзои Маҷлиси миллӣ оид ба бозхонд ва интихоби судяҳо
shuroi-olli-5Аъзои Маҷлиси миллӣ тағйиру иловаҳоро ба чор қонуни конститутсионӣ ҷонибдорӣ намуданд
Шурои олли, (1)Баррасии беш аз 50 масъала дар Шӯрои Маҷлиси миллӣ
Вазири адлияДар идораҳои САҲШ танҳо афроде кор карда метавонанд, ки дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва шаҳрванди Тоҷикистон бошанд
Амрихудо ДамдоровМинбаъд пинҳон доштани вазъи молу мулки аъзои Ҳукуматро мақомоти салоҳиятдор санҷида ва ошкор мекунанд
Ш. Зухуров ва Пан ЮнхеШ. Зуҳуров: «Дар иқтисодиёти Тоҷикистон Чин сармоягузори бузург аст»
Шурои олли, (1)Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав-«Дар бораи сайёҳии дохилӣ» қабул мегардад
Парлумон-слайдДар шаҳри Душанбе иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад
Шурои олли, (1)Ваколати вакили Маҷлиси намояндагон пеш аз муҳлат қатъ гардид