Дар моҳи Рамазон бозорҳои шаҳри Душанбе бо молу маҳсулоти арзон ғанӣ гардонида мешаванд

Май 20, 2017 11:59

ДУШАНБЕ, 20.05.2017./АМИТ «Ховар»/. Ба хотири дар моҳи шарифи Рамазон боло нарафтани нархи маҳсулот ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти нисбатан арзони мавриди ниёзи аввал роҳбарони КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира  ва фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе»,  «Бозори Деҳқон», «Бозори  Шоҳмансур», «Бозори Саховат» ва дигар идораю муассисаҳои дахлдор вазифадоранд, ки тӯли ин моҳ барои соҳибкорону тоҷирон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҶТ ва иттифоқи «Тоҷикматлубот», ки ба бозорҳо маҳсулот мебароранд,  шароит фароҳам оранд ва онҳоро аз пардохти маблағҳои яквақта озод намоянд. Дар ин бора қарори  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тибқи қарори мазкур дар моҳи шарифи Рамазон дар таваққуфгоҳи назди КВД «Бозори меҳргон», майдончаи назди бозори «Қарияи Боло», майдончаи назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмон воқеъ дар кӯчаи Ҳусейнзода-36, қисмати ҷанубии Боғи «Дӯстии халқҳо» аз ҷониби кишоварзони минтақаҳои гуногуни мамлакат ярмарка-фурӯши молу маҳсулот доир карда мешавад. Илова бар ин, маъмурияти бозорҳо вазифадор шуданд, ки бевосита бо истифода аз маблағҳои молиявии худӣ, ҳамарӯза дар моҳи шарифи Рамазон мустақиман харид, ворид, захира ва фурӯши маҳсулоти аввалияро дар бозорҳо таъмин кунанд.      

 

Май 20, 2017 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун баргузор мегардад
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун доир мешавад
«БИХАНДАД ЛОЛА БАР САҲРО…». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Сайри гули лола» ҷамъбаст шуд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Ҷаласаи Комиссияи озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид
«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!». Дар Душанбе ҳамоиши гирандагони стипендия ва квотаҳои президентӣ доир гардид