Дар ноҳияи Дарвоз Маркази нави хизматрасонии муштариён ба фаъолият оғоз намуд

Май 25, 2017 13:54

ДУШАНБЕ, 25.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Дарвоз Маркази замонавии хизматрасонии муштариён кушода шуд. Маркази навтаъсис дорои шароити хуби корӣ ва таҷҳизоти замонавӣ буда, имкон медиҳад, ки аз ин баъд беш аз 684 хоҷагии шахсӣ (дар маҷмӯъ беш аз 3670 нафар аҳолӣ) ва муассисаҳои давлатию тиҷоратии ноҳияи Дарвоз аз хизматрасонии ба талабот ҷавобгӯ баҳравар шаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Ширкати «Помир Энерҷӣ» хабар доданд.

Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки Ҳукумати мамлакат аз оғози фаъолият дар назди Ширкати «Помир Энерҷӣ» гузошт, ин бо истифода аз роҳу усулҳои пешқадами замон баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба муштариён буд. Ва қадами нахустин дар беҳдошти сифати хизматрасонӣ  кушода шудани аввалин нуқтаҳои пардохти маблағи қувваи барқ дар шаҳри Хоруғ  буд.

Бо кушода шудани чунин нуқтаҳои пардохт дар маҳаллаҳои сераҳолитарини шаҳри Хоруғ муштариён имкон пайдо намуданд, ки минбаъд бе сарфи вақту маблағи муайян барои то бонк рафтан пули сарфиёти барқро бевосита ба ин нуқтаҳои пардохт пешниҳод кунанд. Ин як навигарие дар роҳи баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ буд.

Муштариён дар баробари ба нуқтаҳои пардохт пешниҳод кардани ҳаққи истифодаи барқ инчунин дар ин ҷо ба бисёр саволҳои худ ҷавоб пайдо мекарданд. Вале набудани шароити зарурӣ дар нуқтаҳои пардохт, аз ҷумла ғунҷоиши ками утоқҳои корӣ, роҳбарияти Ширкатро водор сохт, ки дар ҳалли ин масъала чораҷӯии иловагӣ кунад.

Бо назардошти ин дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳри Хоруғ дар моҳи майи соли 2009 дар маҳаллаи сераҳолитарин – дар наздикии бозори марказии шаҳри Хоруғ нахустин Маркази хизматрасонии муштариён кушода шуд. Таъминоти марказ бо теъдоди зарурии мутахассисон, таҷҳизот ва мошинҳои навбатдор имкон дод, ки дар баробари пардохти ҳаққи истифодаи барқ муштариён дар ин ҷо тамоми масоили вобаста ба хизматрасониро ҳал намоянд.

Маҳз фоидабахшии нахустин маркази хизматрасониро ба назар гирифта, дар солҳои баъдина се маркази нав дар ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон ба фаъолият оғоз намуданд.

Ва инак боз як маркази нави хизматрасонии муштариён дар ноҳияи Дарвоз ба истифода дода шуд ва он ҳам, бешубҳа, дар беҳдошти сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолии ин ноҳия нақши муассир хоҳад бозид.

Бо шарофати марказҳои хизматрасонии муштариён ва насбкунии ҳисобкунакҳои замонавии электронӣ дар ҳамаи ноҳияҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Дарвоз низомҳои ҷадиди биллингӣ ва АСКУЭ ҷорӣ шуда, тақсиму назорати истифодаи қувваи барқ ба таври шаффоф ба роҳ монда шудааст. Ҷоришавии низомҳои замонавӣ имкон дод, ки муштариён аз тамоми масъалаҳои вобаста ба истифодаи барқ ба таври доимӣ огоҳ бошанд ва худ дар беҳбудии сатҳу сифати хизматрасонӣ ширкати бевосита варзанд.

Умуман дар баробари ҳамасола ҷудо намудани маблағҳои муайян барои  таъмиру тармими иншооти мавҷудаи барқрасонӣ, Ширкати «Помир Энерҷӣ» инчунин дар ҳамкории ҳамешагӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ба бунёди иншооти нави энергетикӣ бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва истифодаи маблағҳои худӣ диққати доимӣ медиҳад.

Танҳо дар ноҳияи Дарвоз дар давоми солҳои охир дар баробари таъмиру тармими ҷории иншооти барқӣ, инчунин дар масофаи беш аз 84 км хатҳои нави барқии 35кВ ва зеристгоҳҳои мувофиқ ба маблағи умумии беш аз 1,4 млн. доллари ИМА мавриди истифода қарор дода шуданд.

Боиси хушнудист, ки бо шарофати сол аз сол беҳтар шудани таъминоти барқ сатҳи некӯаҳволии сокинони ноҳияи Дарвоз баланд мегардад, — зикр намуд раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода. «Мавриди истифода қарор гирифтани Маркази хизматрасонии муштариён боз як рӯйдоди муҳиме дар ин раванд буда, бешубҳа, дар ҳалли масоили мубрами вобаста ба истифодаи қувваи барқ дар ноҳияи Дарвоз нақши муҳим хоҳад бозид. Умуман ин иқдоми муҳиму саривақтӣ аст ва мо кӯшиш мекунем дар оянда дар ҳамкорӣ бо Ширкати «Помир Энерҷӣ» чунин маркази хизматрасониро дар ҷамоати деҳоти дурдасттарини ноҳия — Сағирдашт низ роҳандозӣ кунем»,-илова кард раиси ноҳия.

Директори департаменти фурӯш ва маркетинги Ширкати «Помир Энерҷӣ» Отамшоҳ Хушқадамов аз номи роҳбарияти Ширкат ба Ҳукумати мамлакат, Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Дарвоз барои дастгирии ҳамешагӣ дар фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ арзи сипос намуда, зикр кард, ки нахустин шарикии давлат ва бахши хусусӣ – Ширкати «Помир Энерҷӣ» дар доираи рисолати худ, ки  «Равшанӣ ва гармӣ барои ҳар як хонадони ВМКБ» аст, кӯшиш мекунад дар 15-умин солгарди таъсисаш барои муштариён хизматгузории сатҳи замонавӣ пешниҳод карда, дар беҳбудии минбаъдаи ҳаёти онҳо ҳиссагузор бошад.

«Помир Энерҷӣ» — лоиҳаи  якҷояи Ҳукумати Тоҷикистон, Ташкилоти Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (ФАХЭР), Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ (IFC) ва Агентии Швейтсария оид ба рушди байналхалқӣ мебошад. Арзиши аввалаи лоиҳа- қариб 26,5 млн. доллари ИМА дар давоми 15 соли фаъолияти Ширкати «Помир Энерҷӣ» ба 53, 3 млн. расонда шуд, ки аз он 12,3 млн. доллари ИМА саҳми Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи аввали фаъолияти нахустин шарикии давлат ва бахши хусусӣ тариқи шарикони рушд, аз ҷумла Ҳукумати Швейтсария (SECO) барои ҳифзи иҷтимоии аҳолии ВМКБ 7,7 млн. доллари ИМА ҷудо намуд. Дар айни замон дар фасли зимистон 68%-и аҳолии вилоят аз ин кумаки иҷтимоӣ бархӯрдор аст, ки ин идомаи иҷрои яке аз вазифаҳо оид ба таъмин намудани қувваи барқи дастрас барои қисми камбизоати аҳолии ВМКБ мебошад.

 

 

Май 25, 2017 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад