Дар ноҳияи Дарвоз Маркази пазироию иттилоотӣ ва хизматрасонии техникӣ барои сайёҳон фаъол гардид

Май 22, 2017 16:51

ХОРУҒ, 22.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба меъёри байналмилалӣ мутобиқ кардани хизматрасонӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ дар шаҳраки Қалъаи Хуми ноҳияи Дарвоз Маркази пазироию иттилоотӣ ва терминал расман ба фаъолият оғоз намуд.  Марказ дорои 10 утоқи меҳмондорӣ, майдончаи махсус барои таъмир ва нигаҳдории нақлиёт, ҳаммому дигар намуди хизматрасонии маишӣ мебошад. Менеҷери Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Бадахшони Бунёди Оғохон  Мадад Назриев гуфт, ки «ноҳияи Дарвоз дарвозаи Бадахшон аст ва ҳар як сайёҳе, ки вориди вилоят мешавад, нахуст дар ин ҷо дам мегирад. Дар Маркази пазироӣ ва иттилоотӣ тамоми маълумот оид ба маконҳои таърихӣ, чашмаҳои шифобахш, иқлим, забон ва урфу одатҳои мардуми кӯҳистон гирдоварӣ шудаанд. Қабл аз сафар ба шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сайёҳон дар ин марказ маълумоти зарурӣ ба даст меоранд. Меҳмонхона низ дар шакли миллӣ сохта шудааст ва барои дамгирию суҳбат ҷойҳои муносиб дорад. Берун аз меҳмонхона боз чанд суҳбатгоҳҳои тобистона бунёд шудаанд ва меҳмонон имкон доранд аз ин ҷо шаҳрчаи Қалъаи Хумро тамошо кунанд».

Ин дуюмин Маркази пазироӣ ва иттилоотӣ барои сайёҳон дар ВМКБ мебошад. Бори нахуст чунин марказ дар шаҳри Хоруғ соли 2008 бо иқдоми Ассотсиатсияи экологӣ-фарҳангӣ таъсис дода шуд, ки ҳоло дар риштаи сайёҳӣ яке аз муассисаҳои муваффақ ба шумор меравад.

Май 22, 2017 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дари худро ба рӯйи сокинону сайёҳон боз намуд
Сайёҳон бештар ба тамошои ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Дар Хуҷанд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Гулистон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд
БАРОИ ҶАЛБИ БЕШТАРИ ҶАҲОНГАРДОН ЧӢ БОЯД КАРД? Дар Душанбе оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон ҳамоиш доир шуд
Хатсайри Душанбе — Остона ба фаъолият оғоз намуд
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
«НАВРӮЗ — МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Табиати зебои Тоҷикистон дили меҳмонони хориҷиро тасхир намуд
Ба шарафи Наврӯзи бостонӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд