Дар ноҳияи Рашт бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ ярмаркаи ҷойҳои корӣ доир гашт

Май 10, 2017 11:41

РАШТ, 10.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ шуъбаи  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Рашт  дар якҷоягӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор дар назди бинои шуъбаи  фарҳанги ноҳия  ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод баргузор намуд.

Дар ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод  16 ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок намуда, 38 ҷойи кориро  ба корҷӯён пешниҳод намуданд. Аз 304 нафар иштирокчии ярмарка ба 21 нафар роҳхат ба ҷойи кори доимӣ дода шуд. Инчунин   18 нафарро  барои омӯхтани касбу ихтисосҳои ба талаботи рӯз ҷавобгӯ ва 25 нафарро барои иҷрои корҳои мавсимии ҷамъиятии музднок  ба қайд гирифтанд.

Тибқи иттилои сардори шуъбаи  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Рашт Олимхуҷа Ширинов, дар   ярмаркаи мазкур ба 53 нафар муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ аст, оид ба будубош дар қаламрави Россия  тавсияҳои методӣ доданд.

 

Май 10, 2017 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд