Дар ноҳияи Ванҷ бинои нави мактаб барои 640 хонанда бунёд мешавад

Май 31, 2017 17:16

ХОРУҒ, 31.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати кишвар барои боз ҳам баланд бардоштани шароити таҳсил дар мактабҳои ноҳияи Ванҷ тадбирҳои мушаххас меандешад. Яке аз ин тадбирҳо сохтмони биноҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад. Ҳоло  дар ин ноҳия бунёди чаҳор муассисаи таълимӣ идома дорад, ки  бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 4  аз ҷумлаи онҳост.

Мактаби  таҳсилоти ҳамагонии  рақами 4-и  ноҳияи Ванҷ  яке аз муассисаҳои калонтарин ва пешқадами таълимӣ   ба  шумор рафта, солхои охир ширкати толибилмони ин таълимгоҳ дар  олимпиадаҳои сатхи ҷумхуриявӣ ва берун аз он бештар ба назар мерасад.  Афзоиши теъдоди хонандагон ва талаботи таълими муосир зарурати аз нав бунёди кардани бинои таълимгоҳро ба миён овард. Зеро ин бино дар охири солҳои шастум сохта шуда,  шароити  таълим  дар синфхонаҳо барои замони муосир чандон мувофиқ нест. Боду  ҳавои номусоид  ва заминларзаҳо  бинои  мактабро  харобтар намудаанд.

Ҳолати бинои мактабро ба назар гирифта, бо супориши  Ҳукумати ҷумҳурӣ соли гузашта сохтмони бинои нав оғоз ёфт. Барои бунёди он Дирексияи  сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар 15 миллион сомонӣ ҷудо намуд.  Ба гуфтаи муҳандиси сохтмон Субадор Ҷебаев, айни ҳол  зиёда аз 100 нафар  коргарон ба сохтмон ҷалб шудаанд. Бинои мактаб сеошёна буда,  дорои  37 синфхона,  як толори маҷлис ва варзишгоҳи  замонавӣ мебошад.

Бинокорон  ният доранд  мутобиқи нақша  ҳамаи корҳои сохтмониро  бо сифати хуб анҷом дода,  онро дар ихтиёри  640 нафар  толибилмон   гузоранд.

 

 

 

Май 31, 2017 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид