Дар «Секунҷаи Бермуд»-и уқёнуси Атлантика ҳавопаймои хурд бо чор мусофир нопадид гардид

Май 17, 2017 14:41

Хабарҳои мавзӯъ

V-rajone-Bermudskogo-treugolnika-ischez-samolet

ДУШАНБЕ, 17.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавопаймои хурди тамғаи MU-2B бо чор мусофир ҳангоми парвоз аз шаҳри Пуэрто-Рико ба иллоёти Флорида ногаҳон аз экрани радарҳо нопадид гардид, — иттилоъ медиҳад агентии «Рейтер» бо такя ба неруҳои марзбони соҳилии ИМА.

Ҳавопаймо бо сокинони Ню-Йорк, аз ҷумла ду кӯдак, яке 10 ва дигаре 4 сола парвоз дошт.

Ҳавопаймо рӯзи душанбе, соати 11-и вақти маҳаллӣ аз шаҳри Пуэрто-Рико парвозро оғоз кардааст ва тахминан соати 14-и рӯз алоқа бо ҳавопаймо қатъ шудааст.

Вақти нопадид шуданаш ҳавопаймо дар баландии зиёда аз 7 ҳазор метр аз болои Элютера-  яке аз ҷазираҳои Богама парвоз мекард.

Хадамоти марзбонии соҳилӣ ҷустуҷӯи ҳавопайморо аз ҳамин мавзеъ оғоз намуд.

Дар уқёнуси Атлантика навоҳии байни Флорида, ҷазираҳои Бермуд ва Пуэрто-Рико бо номи «секуҷаи Бермуд» маъруф аст, ки гӯё дар ин мавзеъ ҳодисаҳои ғайримуқаррарӣ, аз ҷумла ба таври асрорангез киштиҳо ва ҳавопаймоҳо нопадид мешаванд. Коршиносон сар задани чунин ҳодисаҳоро бо он алоқаманд медонанд, ки мавзеи мазкур барои назорати навигатсионӣ мураккаб мебошад.

Май 17, 2017 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

KadyrovРамзан Қодиров пешниҳод кард, ки шабнишинии занги охир дар мактабҳо гузаронида нашавад
PolitsiyaСардори полиси шаҳри Манчестер содир шудани амали террористиро тасдиқ кард
BezvozmezdnayaИМА аз расонидани кумаки ҳарбии бебозгашт ба Украина даст кашид
Kosmos-2Имрӯз астронавтҳои Стансияи байналхалқии кайҳонӣ барои таъмири таҷҳизот ба фазои кайҳон мебароянд
V-Sirii-vzorvali-shtab-vooruzhennoj-gruppirovki-Ahrar-ash-SHam-pogibli-40-boevikovДар Сурия ситоди гурӯҳи мусаллаҳи «Аҳрор аш-Шам» тарконда шуда, 40 нафар ҷангиён кушта шуданд
ША СММШӯрои амнияти СММ вобаста ба озмоиши навбатии ракетаи баллистикӣ аз ҷониби Кореяи Шимолӣ ҷаласаи таъҷилӣ баргузор мекунад
Na-yuge-Livii-svyshe-140-chelovek-pogibli-v-rezultate-ataki-na-aviabazuДар қисмати ҷанубии Ливия зиёда аз 140 нафар дар натиҷаи ҳамла ба пойгоҳи ҳарбӣ кушта шуданд
багдадДар натиҷаи ду таркиш дар навоҳии атрофи Бағдод 11 нафар одамон кушта шуданд
ZHitel-Myunhena-sovershil-akt-samosozhzheniya-v-tsentre-gorodaСокини Мюнхен дар маркази шаҳр худро оташ задааст
ХавопаймоНеруҳои ҳарбии эътилофи байналмилалӣ ба мавқеи дастаҳои ҷангии пуштибони ҳукумати Сурия ҳамла намуданд
OgranichenieХадамоти назоратии Россия ба вуруди маҳсулоти ширӣ аз ҷумҳурии Беларус маҳдудият ҷорӣ намуд
ООН-1СММ аз ҷонибҳои даргир дар Афғонистон даъват кард, ки ба ҳалокати кӯдакон роҳ надиҳанд