Дар шаҳри Хоруғ нахустин утоқи физиотерапевтӣ бо усули гилдармонӣ боз шуд

Май 3, 2017 17:09

ХОРУҒ, 03.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ утоқи физиотерапевтӣ бо усули гилдармонӣ ба фаъолият пардохт. Табиби мардумӣ Қудратшоҳ Чавлихон гуфт, ки ин навъи табобат асосан бо истифодаи гили кабуд ва дар шакли ҳарорати муқаррарии ба ҷисми инсон мутобиқ сурат мегирад. Ин тарзи табобат дар шимоли кишвар хеле рушд намудааст, аммо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори аввал ба кор буда мешавад.

Дар таркиби гили кабуд, ки намунаи онро дар аксарияти деҳоти вилоят дучор омадан мумкин аст, намаки минералӣ ва микроэлементҳои зиёди кимиёӣ мавҷуд мебошанд. Ва аз ҳама муҳим, ин гил дорои радиоактиви радий аст, ки дар тибби мардумӣ онро барои муолиҷаи сармохӯрдагӣ, бемориҳои занона, шикастабандӣ, сутунмӯҳра, саратон ва амсоли инҳо истифода мебаранд.

Оё беморон метавонанд бо истифода аз ин гил мустақилона  табобат гиранд? Ба ин саволи хабарнигори минтақавии АМИТ  «Ховар» табиби мардумӣ посух дод, ки «ин гилро  аввал дар печи махсус дар ҳарорати ҳазор дараҷа гармӣ мегудозанд ва танҳо пас аз безарар гардонидани баъзе элементҳои зараровар ва илова намудани миқдори муайяни гаҷ онро истифода мебаранд. Бинобар ин бидуни маслиҳати мутахассис истифода бурдани ин гил тавсия дода намешавад ва он метавонад ба ҷои фоида ба саломатии инсон зарар расонад».

Дар рӯзи аввали фаъолият даҳҳо нафар аз беморон барои муолиҷа ба ин утоқ муроҷиат карданд.

Май 3, 2017 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»