Дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ-бадеӣ доир гардид

Май 1, 2017 17:29

 ВАҲДАТ, 01.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳр конференсияи илмӣ-бадеӣ дар мавзӯи «Вахдати миллӣ» доир гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  раиси созмони ҷавонони коллеҷ Саодат Хоҷибоева иттилоъ дод.
Дар конференсия зикр гардид, ки сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ ва некномиро зинда намуд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ, дастёбӣ ба сулҳу субот ва ваҳдати миллии комил дар ҷомеаи тоҷик, барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ва амният, таъмини бозгашти гурезагон аз хориҷа ба Ватан, қабули Конститутсия ва татбиқи ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ саҳми тақдирсоз ва таърихӣ гузоштааст.

Дар конференсия як гурӯҳ донишҷӯён дар васфи Ватан-модар  аз эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон шодравон Мирзо Файзалӣ порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.

Май 1, 2017 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд