Дар Театри давлатии опера ва балет бахшида ба Рӯзи Шашмақом барномаи консертӣ доир мегардад

Май 2, 2017 16:33

ДУШАНБЕ, 02.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 11 майи соли равон соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Шашмақом барномаи консертӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои Вазорати фарҳанг, дар барномаи консертӣ ансамбли «Шашмақом»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон, донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ва шашмақомхонони ҷавон иштирок намуда, хотири иштирокдоронро болида мегардонанд.
Дар барнома иштироки ансамблҳои рақсии «Лола», «Зебо» ва «Базморо» дар назар аст.

Май 2, 2017 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид