Дар Тоҷикистон ба мактаббачагон хӯроки яквақтаина дода мешавад

Май 16, 2017 16:52

Хабарҳои мавзӯъ

БОЧ-хурока барои мактаббачагон

ДУШАНБЕ, 16.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар  2000 мактабҳои ноҳияҳои Тоҷикистон ба беш аз 300 ҳазор мактаббачагони синфҳои ибтидоӣ  хӯроки гарм ва серғизо дода мешавад.

Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин иқдом бо дастгирии  Лоиҳаи рушди Барномаи   озуқавории ҷаҳонии  Созмони Милали Муттаҳид  оид ба «Сабук гардонидани дастрасӣ  ба таҳсилот барои кӯдакони дар ҳолати осебпазир қарордошта» амалӣ мешавад.

Бояд зикр намуд, ки Лоиҳаи озуқаи мактабии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар таъмини хӯрокӣ барои ҳазорон мактаббачагон аз соли 1999 инҷониб нақши муҳим бозида, тариқи афзудани нишондиҳандаҳои фарогирӣ ва давомоти хонандагон муваффақияти фавқулода ба даст овард.

Бино ба иттилои манбаъ, мақсади  барномаи таъмини озуқа барои мактаббачагон дастгирии оилаҳои камбизоатест, ки  фарзандонашон, махсусан духтарон дар  мактаб таҳсил мекунанд. Дар натиҷаи амалӣ гардонидани барнома нишондиҳандаҳои фарогирӣ ва давомоти хонандагони мактабҳо хеле баланд гардид.

Маводи озуқавории Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ бо моддаҳои витаминӣ ғанӣ гардонида шуда, дар пешгирии норасоии микроэлементҳо нақши назаррас дорад.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999 барномаи таъмини хӯрокӣ барои мактаббачагон оғоз ёфт, ки он танҳо 5 ҳазор кӯдакро дарбар мегирифт. Дар муддати якчанд сол бо ғизои мактабӣ қариб 370 ҳазор нафар кӯдакони синфҳои ибтидоӣ таъмин гашта,  ҳамин тариқ он дар низоми ҳифзи иҷтимоии кишвар ҳамчун суғуртаи табақаҳои камбизоати аксари манотиқи деҳот ва берун аз он аҳамияти зиёдтар касб кардааст.

Барнома ба оилаҳои мактаббачагон имконият медиҳад, то маблағҳоеро, ки барои харидани маводи хӯрокӣ хароҷот мекарданд, сарфа намоянд. Инчунин он барои хонандагон ҳар рӯз як миқдори муайяни  хӯроки солим ва серғизоро кафолат медиҳад. Ин дар навбати худ барои оилаҳои гирифтори норасоии маводи озуқаворӣ ва аз офатҳои табиии мавсимӣ зарардида ёрӣ мерасонад.

Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ роҳи бисёрҷонибаи баланд бурдани зарфияти шариконро барои татбиқи лоиҳа ба кор мебарад. Барои ноил гаштан ба ин мақсад, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) бо мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, Вазорати маориф ва илм, Ташкилоти ғайридавлатии «Институти ғизои соҳавӣ» ва ғайра ҳамкории зич дорад.

Бояд зикр намуд, ки дар айни замон дар саросари ҷаҳон Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ беш аз 20 миллион кӯдакони синни мактабиро, ки аксарашон  духтаронанд, бо хӯрокӣ таъмин мекунад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳои барномавии худ Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ фаъолона пеш бурдани барномаҳои миллии таъмини хӯрокӣ барои мактаббачагонро, ки барои гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ равона шудаанд, идома медиҳад.

Ибодат ДАВЛАТОВА

Май 16, 2017 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Сайт АМИТ ХоварШумораи хонандагони сомонаи АМИТ «Ховар» ба 4,2 миллион нафар расид!
эмгузарониРўзҳои эмгузаронии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардиданд
Рузхои Маорифи Казокистон (9)«Рӯзҳои маорифи Қазоқистон» дар Тоҷикистон: мактабҳои олии Қазоқистон барои донишҷӯён тахфифҳои махсус пешниҳод менамоянд
Санэпид стан хавоХадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ огоҳ менамояд!
гармоКумитаи ҳолатҳои фавқулода огоҳ мекунад: рӯзҳои наздик ҳарорати ҳаво беш аз 40 дараҷа хоҳад шуд!
олимпиадаи «ISWEEEP-2017»-и ИМА 4 медал5697Хонандагони тоҷик аз олимпиадаи «ISWEEEP-2017»-и ИМА 4 медал оварданд!
Аёдати ветерано сугд 3Тақдими кумакпулии якдафъаина ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ
День ПобедыБа 447 нафар собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон кумаки якдафъаинаи Пешвои миллат супорида мешавад
Олимпиада маориф руминия1(1)Хонандагони тоҷик аз Руминия бо 10 медал баргаштанд
JpegАстероиди эҳтимолан хатарноки 2014JO25-ро олимони тоҷик ҳам мушоҳида карданд
Танзим-0Имсол ба қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» 10 сол пур мешавад: вақт, ҳамчун довари ҳақ, зарурияти ин санадро собит намуд
вазири мехнат бо корея 0657Мутахассисони баландихтисоси касбӣ имкон доранд дар Ҷумҳурии Корея бо кор таъмин гарданд