Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав-«Дар бораи сайёҳии дохилӣ» қабул мегардад

Май 15, 2017 12:11

Хабарҳои мавзӯъ

Шурои олли, (1)

ДУШАНБЕ, 15.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» қабул карда мешавад. Масъалаи мазкур 15 май дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Лутфия Раҷабова  гуфт, ки лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди сайёҳӣ дар кишвар таҳия гаридааст. Таъкид шуд, ки ҳадафи таҳияи лоиҳаи конуни мазкур фароҳам овардани шароити мусоид ва  муосири ҳуқуқӣ барои рушди иқтисодиёти миллӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон мебошад.

Дар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» таҷрибаи қонунгузорӣ ва амалии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти сайёҳӣ, ба монанди Амрико, Хитой, Япония, Ирландия   мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки даромад аз  бахши сайёҳӣ дар сатҳи ҷаҳон баъд аз нефт ва маводи доруворӣ ҷои сеюмро ишғол намуда, 30 %-и  содироти хизматрасониро ташкил медиҳад. Танҳо дар соли 2015 дар миқёси ҷаҳон ташрифи сайёҳон 4 фоиз афзоиш ёфта, ба 1,2 млрд. нафар расид ва  даромади умумии  давлатҳо ба $1,5 трлн. баробар гардид, ки ҳудудан 10 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонро ташкил медиҳад.

Интизор меравад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» рӯзҳои наздик аз ҷониби вакилони палатаи  поёнии Парлумони мамлакат қабул гардад.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон масъалаҳо «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва «Дар бораи ҳифзи муҳти зист» баррасӣ шуданд.

 

Май 15, 2017 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

DSC_0738+Узви тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ савганд ёд кард
Роҳбарони шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳо дигар намояндаи Президент дар маҳалҳо нестанд (3)Роҳбарони шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳо дигар намояндаи Президент дар маҳалҳо нестанд
Шурои олли, (1)Ба Дастури Маҷлиси миллӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
ПарлумонҶонибдории пешниҳодҳои Президент аз сӯи аъзои Маҷлиси миллӣ оид ба бозхонд ва интихоби судяҳо
shuroi-olli-5Аъзои Маҷлиси миллӣ тағйиру иловаҳоро ба чор қонуни конститутсионӣ ҷонибдорӣ намуданд
Шурои олли, (1)Баррасии беш аз 50 масъала дар Шӯрои Маҷлиси миллӣ
Вазири адлияДар идораҳои САҲШ танҳо афроде кор карда метавонанд, ки дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва шаҳрванди Тоҷикистон бошанд
Амрихудо ДамдоровМинбаъд пинҳон доштани вазъи молу мулки аъзои Ҳукуматро мақомоти салоҳиятдор санҷида ва ошкор мекунанд
Ш. Зухуров ва Пан ЮнхеШ. Зуҳуров: «Дар иқтисодиёти Тоҷикистон Чин сармоягузори бузург аст»
Парлумон-слайдДар шаҳри Душанбе иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад
Шурои олли, (1)Ваколати вакили Маҷлиси намояндагон пеш аз муҳлат қатъ гардид
parlament_0Баррасии Созишномаи грантӣ дар Парлумон