Дар вилояти Хатлон беш аз 700 ҳазор нафар кӯдакон эм карда мешаванд

Май 24, 2017 09:37

ДУШАНБЕ, 24.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.    Дар  «Рӯзҳои миллии иммунизатсияи иловагӣ бар  зидди бемории сурхча ва гулафшон», ки  аз 15 то 26 май идома меёбанд,   дар   вилояти Хатлон   759 ҳазору  949 нафар кӯдакони аз 1 то 9- сола бояд эм карда шаванд.

Тавре аз хадамоти мутбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани «Рӯзҳои миллии иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  тибқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Раёсати тандурустии вилояти Хатлон   маводи эмгузаронӣ, 3 намуд банер, зиёда аз 6 намуд дастурамалҳои методӣ ва доруқуттиҳои тиббӣ дастрас намуд.

Дар айни замон дар дар минтақаи Қӯрғонтеппа   477 ҳазору  346 ва  дар минтақаи Кӯлоб  282 ҳазору  603 кӯдак  эм карда шудаанд.  Бино ба иттилои манбаъ, дар давоми 4 рӯзи аввал аллакай   519 ҳазору  830  нафар кӯдакон ба эмгузаронӣ фаро гирифта шуданд, ки ин 68,4%-ро ташкил менамояд.

Инчунин 1 409 нафар меҳмони берун аз вилоят ва 53 нафар кӯдаки берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ низ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон эм карда шуданд.

Май 24, 2017 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд