Душанбе: масъулин сокинони пойтахтро ба камхарҷ гузаронидани ҷашну маросимҳо даъват менамоянд

Май 16, 2017 14:48

ДУШАНБЕ, 16.05.2017. /АМИТ Ховар/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ҷиҳати риоя гардидани  талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои судманд меандешад.

Бино ба иттиллои  Раёсати  иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  дар пойтахт барои пешгирии қонуншиканиҳо 1086 комиссияи ҷамъиятӣ дар ҳамоҳангӣ бо 5 комиссияи доимӣ  фаъолият доранд.

Дар давоми чор моҳи соли равон  аз тарафи шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои риоя накардани қонуни мазкур  нисбат ба 30 қонуншиканӣ санади ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол гардид.

Аз  вайрокунандагони қонун  ба маблағи 85 ҳазору 700 сомонӣ ҷарима ситонда, ба буҷаи давлат ворид карда шуд. Айни замон 31 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, баъди баррасии ҳамаҷониба ба суд ирсол хоҳанд шуд. Зимни гузарондани санҷишҳои муштарак 61 адад қонуншиканӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  15 адад, Шоҳмансур  10 адад, Фирдавсӣ  13 адад, Сино — 15 адад ва шуъбаи шаҳрӣ  — 8 адад ошкор гардиданд.

Дар ин давра комиссияҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои пойтахт барои камхарҷ доир намудани ҷашну маросимҳо, пешгирии қонуншиканиҳо ва таблиғи корҳои хайриявӣ, дар маҷмӯъ 119 суҳбату вохӯрӣ доир намуданд. Дар вохӯриҳо  масъулин   моҳияти қонуни мазкурро ба шаҳрвандон фаҳмонида, аз онҳо риояи қатъии онро  талаб намуданд.

Дар давраи зикршуда дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 320 санҷиши муштарак гузаронда шудаанд.

танзим 4

 

Май 16, 2017 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ». Дар Душанбе Фестивали чоруми дӯстии ҷавонон доир мешавад
«КАРНАВАЛИ НАВРӮЗӢ». Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
«Карнавали Наврӯзӣ» дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе 25 март баргузор мегардад
ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗИ МАН! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ сокинону меҳмонон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва сарбозони қисмҳои низомӣ кумак расонида шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар тамоми боғҳои пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд
Субҳи имрӯз дар «Боғи Ғалаба» сокинони чор ноҳияи пойтахт бо оростани гулхани ҷашнӣ фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
РАМЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе табақи суманак гузошта шуд
Дар Душанбе бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон фестивали байналмилалӣ оғоз ёфт
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ-МАКОНИ БЕҲТАРИНИ САЙЁҲӢ. Дар айёми баҳор пойтахт барои гардишгарӣ хеле муносиб аст