Эҳсоси шоми мусаффо ва дӯстӣ зимни ифтитоҳи маросими ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон

Май 11, 2017 10:09

Хабарҳои мавзӯъ

Кушодашавии Рузхои Фарханги Узбекистон.Холиса (1)

ДУШАНБЕ, 11.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 10 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбари ҳайати расмии  ин кишвар Минҳоҷиддин Мирзоҷонов, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва дӯстдорони фарҳангу санъати ҳамсони ин ду мардуми дӯст иштирок намуанд.

Қабл аз оғози маросими ботантана меҳмонон аз намоиши санъати тасвирӣ ва аккосии «Ӯзбекистони муосир», ки  дар даромадгоҳи театр ба маъраз гузошта шуда буд, боздид ба амал оварда, бо суннатҳои фарҳангӣ ва рассомии мусаввирони ин кишвар шинос гардиданд.

Кушодашавии Рузхои Фарханги Узбекистон.Холиса (6)

«Фазои басо зебо ва шоми мусаффоест, ки зимни он маросими ботантанаи кушодашавии Рӯзҳои фарҳанги кишвари ба мо дӯст- Ӯзбекистон  дар Тоҷикистон расман баргузор гардид. Қабл аз оғози ҳунарнамоии бародарони ӯзбек байти шоир ба ёдам омад, ки гуфтааст:

Донӣ, ки чист давлат? Дидори ёр дидан,

Дар кӯйи ӯ гадоӣ бар хусравӣ гузидан.

Аз ҷон тамаъ буридан осон бувад, валекин

Аз дӯстони ҷонӣ мушкил тавон буридан.

Ин дӯстии абадие, ки халқҳои тоҷик ва ӯзбек доранд, боварӣ дорам, ки боз ҳам таҳким меёбад ва то абад боқӣ мемонад»,-иброз дошт Шамсиддин Орумбекзода.

Минҳоҷиддин Мирзоҷонов зимни ифтитоҳи ин маросим чунин гуфт: «Фарҳанг, адабиёт ва санъати мардумони тоҷику ӯзбек як аст. Ман шодам, ки дар расми кушодашавии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин меҳмонони олиқадр ташриф овардаанд. Новобаста аз он, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз соли 1992 оғоз ёфтаанд, решаҳои дӯстии ин миллатҳо  таърихи қадимӣ доранд. Барои тасдиқи гуфтаҳои боло кофист дӯстӣ ва ҳамкории ду фарзанди фарзонаи миллат- шоирони забардаст  Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоиро мисол оварем».

Ҳунарпешаҳои машҳури Ӯзбекистон Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов, Севинч Мӯминова ва Ансамбли давлатии тарона ва рақси «Ӯзбекистон» бо сурудҳои ҷолиби худ табъи иштирокдоронро болида гадониданд.

Бояд зикр кард, ки имрӯз иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳангӣ  ба шаҳри Қӯрғонтеппа сафар карда, барномаи консертии худро ба сокинон ва меҳмонони ин шаҳр манзур менамоянд.

Маросими ботантанаи анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 майи соли 2017 соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барпо мешавад.

Кушодашавии Рузхои Фарханги Узбекистон.Холиса (8)

 

 

Май 11, 2017 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши Суратхои Навруз Саидов (1)Асо ҳам як замоне шохаи сабз будааст. Намоиши аксҳо бахшида ба Рӯзи ҳифзи муҳити зист
Малика собироваШамсиддин Орумбекзода: «Малика Собирова чун ситораи нотакрори рақси классикӣ ва балет дар қалби мухлисони ҳунар боқӣ мемонад»
Шабе дар Осорхона---- (8)«Шабе дар осорхона» фарогири ҳунарҳои дастии мардумӣ, рассомӣ, намоиши либосҳои арӯсӣ ва аксҳои беҳтарин буд
Дир Осорхона18 май-Рӯзи умумиҷаҳонии осорхонаҳо: иқдоми «Шабе дар осорхона» ба ин сана бахшида шудааст
Шашмаком7Имрӯз-Рӯзи Шашмақом: ба санъати бузург дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад
Китоби Рамазон Абдулатипов (2)Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Халқи тоҷики ман»-и Рамазон Абдулатипов муаррифӣ гардид
Хощим Г-2Ҳошим Гадо-«Рӯдакӣ», «Сино» ва «Суҳроб»-и саҳнаи тоҷик аст!
DSC_0795Шамсиддин Орумбекзода: «Рӯзҳои фарҳангии мардумони тоҷику ӯзбек барои ҳамкории зичи ҳунармандон роҳи бузург мекушоянд»
Ҳайати расмӣ ва эҷодии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омадандШоми имрӯз дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон расман оғоз меёбанд
Юлдуз Усманова-0«Бозгашти ошно»: Юлдуз Усмонова ба Тоҷикистон меояд
Ота ФильмРӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Душанбе бо намоиши аккосии «Ӯзбекистони муосир» оғоз меёбанд
хоби хамдуна«Хоби ҳамдуна»- и Румӣ Шоазимов дар Кинофестивали 23-юми Россия «Адабиёт ва синамо» соҳиби мукофот гардид