Эътилофи байналмилалӣ изҳор кард, ки ҷангиёни «Давлати исломӣ» дар ҳоли пурра торумор шудан қарор доранд

Май 17, 2017 14:39

Хабарҳои мавзӯъ

mosul

ДУШАНБЕ, 17.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷангиёни гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» дар шаҳри Мосул ба иҳота гирифта шуда, дар ҳолати пурра несту нобуд шудан қарор доранд. Дар ин бора агентии «Reuters» бо такя ба изҳороти намояндаи ситоди эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА, полковник Ҷон Дорриан хабар додааст.

«Душман дар шаҳри Мосул дар ҳолати пурра торумор шудан қарор дорад», — гуфтааст Ҷон Дорриан зимни нишасти матбуотӣ дар Бағдод.

Мувофиқи маълумоти агентии «Reuters» Яҳё Расул, намояндаи расмии фармондеҳии муттаҳидаи қувваҳои мусаллаҳи Ироқ изҳор кардааст, ки террористон ҳамагӣ 12 километри мураббаъ ҳудуди Мосулро дар таҳти назорати худ нигоҳ медоранд.

Қабл аз ин шабакаи телевизионии «Al Sumaria» хабар дод, ки неруҳои Ироқ ба пурра озод кардани шаҳри Мосул аз террористон наздик шуданд, неруҳои ҳукуматӣ ҷангиёни гурӯҳи террористиро аз 59 маҳаллаи қисмати ғарбии шаҳр, воқеъ дар соҳили рости дарёи Тигр пеш карданд ва террористон ҳамагӣ 10 маҳаллаи қисмати ғарбии шаҳрро таҳти назорати худ нигоҳ медоранд.

Амалиёти ҷангӣ ба муқобили гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» 17 октябри соли гузашта оғоз гардида буд. Дар ин муддат неруҳои ҳукуматӣ қисмати шарқии Мосулро таҳти назорати худ дароварданд. 19 феврали соли ҷорӣ сарвазири Ироқ Ҳайдар ал-Абадӣ барои аз террористон озод кардани қисмати ғарбии Мосул фармон содир кард. Дар муҳорибаҳои ҷангӣ ба муқобили террористон дастаҳои ҳарбикунонидашудаи полис, неруҳои зудамал ва дастаҳои таъйиноти махсуси артиш сафарбар шудаанд. Дар амалиёти мазкур ҳавопаймоҳои ҷангии Ироқ ва неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА иштирок доранд.

Давоми як ҳафтаи охир ба неруҳои ҳукуматӣ муяссар гардид, ки террористонро аз минтақаи муҳими стратегии Ал-Иқтисадин пеш карда, маҳаллаҳои Рифоӣ ва Урейбиро таҳти назорати худ дароранд. Ҳоло 93 фоизи ҳудуди Мосули ғарбӣ аз террористон озод карда шудааст.

Фармондеҳи муттаҳидаи ситоди эътилофи байналмилалӣ изҳор кардааст, ки то оғози моҳи барои мусулмонон муқаддаси Рамазон шаҳри Мосул аз тасарруфи ҷангиёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» озод карда мешавад.

Май 17, 2017 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

KadyrovРамзан Қодиров пешниҳод кард, ки шабнишинии занги охир дар мактабҳо гузаронида нашавад
PolitsiyaСардори полиси шаҳри Манчестер содир шудани амали террористиро тасдиқ кард
BezvozmezdnayaИМА аз расонидани кумаки ҳарбии бебозгашт ба Украина даст кашид
Kosmos-2Имрӯз астронавтҳои Стансияи байналхалқии кайҳонӣ барои таъмири таҷҳизот ба фазои кайҳон мебароянд
V-Sirii-vzorvali-shtab-vooruzhennoj-gruppirovki-Ahrar-ash-SHam-pogibli-40-boevikovДар Сурия ситоди гурӯҳи мусаллаҳи «Аҳрор аш-Шам» тарконда шуда, 40 нафар ҷангиён кушта шуданд
ША СММШӯрои амнияти СММ вобаста ба озмоиши навбатии ракетаи баллистикӣ аз ҷониби Кореяи Шимолӣ ҷаласаи таъҷилӣ баргузор мекунад
Na-yuge-Livii-svyshe-140-chelovek-pogibli-v-rezultate-ataki-na-aviabazuДар қисмати ҷанубии Ливия зиёда аз 140 нафар дар натиҷаи ҳамла ба пойгоҳи ҳарбӣ кушта шуданд
багдадДар натиҷаи ду таркиш дар навоҳии атрофи Бағдод 11 нафар одамон кушта шуданд
ZHitel-Myunhena-sovershil-akt-samosozhzheniya-v-tsentre-gorodaСокини Мюнхен дар маркази шаҳр худро оташ задааст
ХавопаймоНеруҳои ҳарбии эътилофи байналмилалӣ ба мавқеи дастаҳои ҷангии пуштибони ҳукумати Сурия ҳамла намуданд
OgranichenieХадамоти назоратии Россия ба вуруди маҳсулоти ширӣ аз ҷумҳурии Беларус маҳдудият ҷорӣ намуд
ООН-1СММ аз ҷонибҳои даргир дар Афғонистон даъват кард, ки ба ҳалокати кӯдакон роҳ надиҳанд