Фаъол гардидани сомонаи Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Май 13, 2017 12:12

ДУШАНБЕ, 13.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва алифбои форсӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет фаъол гардонида шуд, ки дар таърихи таъсиси ин муассиса таҷрибаи нав мебошад (нишонии сомона http://badakhshantajcons.org/tj). Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар сомонаи навтаъсиси Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маводи вобаста ба фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эимомалӣ Раҳмон, рӯйдодҳои муҳими Тоҷикистон, чорабиниҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар самти Афғонистон, Консулгарӣ, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, сиёсат, иқтисод, иҷтимоъ, саёҳат, бахусус табиати биҳиштосои Ватан бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва ҳуруфоти форсӣ пайваста инъикос меёбанд ва ба таври доимӣ таҷдид карда мешаванд. Бахши алоҳидаи сомона ба баргардони мақолаву мусоҳибаҳои Президенти мамлакат ва Вазири корҳои хориҷӣ ба ҳуруфоти форсӣ, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои шимол ва шимолу шарқи Афғонистон ба нашр расидаанд, бахшида шудааст.

Саҳифаи асосии сомона бо навиштаҷоти Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон роҳандозӣ гардида, бо муқаддасоти миллӣ – Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оро дода шудааст.

Барои ба таври сода дастрас гардидани хабару маълумот дар сомонаи Консулгарӣ рубрикаҳои алоҳида, аз ҷумла «Асосӣ», «Тоҷикистон», «Президент», «Вазорат», «Консулгарӣ», «Раводид», «Сайёҳӣ» ва бахшҳои «Президенти Тоҷикистон», «Вазири корҳои хориҷӣ», «Хабарҳои охирин», «Хабарҳои Тоҷикистон» /системаи RSS мавҷуд мебошанд, ки барои фавран паҳн шудани мавод оид ба рӯйдодҳои охири Тоҷикистон ва ҷаҳон хизмат мекунанд.

Дар сомона нишон ва иқтибоси раводиди электронӣ https://www.evisa.tj/index.evisa.html, www.visa.gov.tj ва сомонаҳои шарик гурӯҳбандӣ шудааст. Инчунин дар сомона имконияти ҷой намудани лавҳаҳо оид ба ҷашнҳои давлатӣ ва миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Саҳифаҳои сомонаи Консулгарии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар шабакаҳои иҷтимоии «facebook» ва «twitter» фаъол аст ва барои хонанда имкони хуби шиносоӣ бо ахбори саривақтии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистонро фароҳам меоварад. Дар қисмати поёни сомона маълумоти умумӣ оид ба вақт дар Душанбеву Кобул ва обу ҳаво ҷойгир аст.

Қобили ёдоварист, ки маводи иттилоотӣ бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва ҳуруфоти форсӣ ба таври таъҷилӣ тарҷума ва баргардон шуда, дар сомона ҷой карда мешаванд ва дар наздиктарин фурсат тавсеаи ҳамкорӣ бо мақсади табодули иттилоот бо рӯзномаву ҳафтанома ва сомонаҳои муътабари Афғонистон ба назар гирифта шудааст.

Май 13, 2017 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт