Филиали Ширкати «IRS» техникаву таҷҳизоти махсусгардонидашуда ворид менамояд

Май 24, 2017 09:58

ДУШАНБЕ, 24.05.2017. /АМИТ Ховар/. Филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва дар ин замина мутобиқ намудани он ба талаботи байналмилалӣ талош варзида, айни замон ҷиҳати  воридоти техникаву таҷҳизоти пуриқтидори замонавӣ    тадбирҳои судманд роҳандозӣ менамояд.

Тавре аз  Маркази матбуоти филиали мазкур хабар доданд,  бо назардошти талаботи замон ва таъмини рушди бемайлони Ширкат намояндагони он аз  10  то  21 май  ба Ҷумҳурии Мардумии Чин  сафари корӣ доштанд. Зимни сафар масъулин  бо роҳбарияти ширкати маъруфи «Votai Construction Engineering Limited» мулоқот намуданд.

Намояндагони  ширкат  ҷанбаҳои гуногуни фаъолият, аз ҷумла масъалаи хариди техникаи махсусгардонишудаи соҳаро  мавриди баррасӣ  қарор дода,  дар корхонаи «XCMG GROUP» бо номгўйи чунин техникаҳо шинос шуданд.

Ҳамчунин намояндагони филиали Ширкати «IRS»  дар шаҳри Уси бо роҳбарияти ширкати  «Wuxi Longli Mechanical Engineering Co.Ltd»  вохӯрда,  бо  фаъолияти сехҳои истеҳсолӣ  ва дигар иншооти марбут ба ширкати мазкур аз наздик шинос шуданд.

Бо назардошти муҳимияти истифодаи булдозерҳо дар раванди нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ масъулини филиали Ширкат дар шаҳри Шанхай аз корхонаи истеҳсоли ин намуди техника боздид ба амал оварданд.

Ширкат ният дорад, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат аз Чин техникаҳои махсусгардонидашуда ворид намуда, барои роҳандозии табодули таҷриба ва  бозомўзии кормандон  дар ширкати  «Wuxi Longli»  мусоидат намояд.

 

Май 24, 2017 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд