Гурӯҳи корӣ ҷиҳати таҳияи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» пешниҳоди созандаи сокинони пойтахтро интизор аст

Май 1, 2017 11:43

Хабарҳои мавзӯъ

Дастгох

ДУШАНБЕ, 01.05.2017. /АМИТ Ховар/. Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 апрели соли 2017 «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» таҳия гардида истодааст, ки он бо мақсади банақшагирии стратегии рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе, мувофиқасозии мавқею нуқтаи назари мақомоти давлатӣ, сохторҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷалби қисмати фаъоли аҳли ҷамоати шаҳр дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нигаронида шудааст.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дода, зикр карданд, ки бо ин мақсад дар Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст. Барномаи зикршуда дар ҳолати таҳия қарор дорад.
«Бо назардошти фикру мулоҳиза ва таклифҳои созандаи сокинони шаҳр ва ба вуҷуд овардани шароити мусоид ҷиҳати бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешниҳодҳои созанда ва креативии сокинони шаҳрро ба Гурӯҳи корӣ тариқи почтаи электронии barnoma2025@mail.ru ё бо телефони 987 — 96 — 00 — 00 интизорем», -афзуд манбаъ.

Май 1, 2017 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

рузи хифзи кудакон«Мо ғунчаҳои баҳори Ваҳдатем» — барномаи идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе
Рустами Эмомали -97Дар Душанбе амалиёти «Кӯкнор-2017» роҳандозӣ мегардад
20170525_094532Масъулини шаҳри Душанбе: «Барои бо нархи дастрас таъмин намудани сокинони шаҳр бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар моҳи шарифи Рамазон шароит фароҳам оварда шудааст»
ДастгохМақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шаҳрвандонро ба озмуни кушод даъват менамояд
Чавонон--- (1)Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамоиши «Мо насли истиқлолем!» оғоз мегардад
Рынок Душанбе-2Дар моҳи Рамазон бозорҳои шаҳри Душанбе бо молу маҳсулоти арзон ғанӣ гардонида мешаванд
DSC_0159---Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар пойтахт шоу-барнома ва ҳамоиши «Мо насли истиқлолем!» доир мегарданд
DSC_0210+Сокинони бародаршаҳри Боулдер ба душанбегиҳо беш аз 1300 нусха адабиёти илмиву бадеӣ тақдим намуданд
Аспдавони ДушанбеДар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонон мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад
DSC_0759+Азизулло Зиёзода: «Тозагиву ободии пойтахт аз озодагии кӯчаву маҳалли зисти ҳар яки мо сар мешавад»
DSC_0716+«Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» истеъдодҳоро ҷустуҷӯ дорад
ДастгохДушанбе: масъулин сокинони пойтахтро ба камхарҷ гузаронидани ҷашну маросимҳо даъват менамоянд