Хадамоти махсуси Британияи Кабир аз эҳтимоли ҳамлаи нави вируси WannaCry ба шабакаҳои компютерӣ иттилоъ доданд

Май 15, 2017 16:54

Хабарҳои мавзӯъ

Virus

ДУШАНБЕ, 15.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони бахши амнияти кибернетикии Британияи Кабир аз эҳтимоли ҳамлаҳои нави вируси рамзшикани WannaCry огоҳӣ доданд. Дар ин бора рӯзномаи «Financial Times» хабар додааст.

Мувофиқи хабари рӯзномаи «Financial Times», ҳоло ба 1,3 миллион шабакаҳои компютерӣ хатари гирифтор шудан ба вируси WannaCry таҳдид дорад.

«Мо аз кӯшиши ҳамлаҳои нав ба дигар муассисаҳои Шоҳигарии Британияи Кабир огоҳ ҳастем», — гуфт Киаран Мартин, директори Маркази миллии амнияти кибернетикӣ. Бояд гуфт, Маркази миллии амнияти кибернетикӣ дар ҳайати хадамоти махсуси Британияи Кабир фаъолият намуда, ба таъмини бехатарии алоқаи ҳукуматӣ ҷавобгар мебошад.

Тавре Роб Уэйнрайт, директори Агентии полиси Аврупо (Европол) зимни мусоҳиба бо ширкати телевизионии ITV иттилоъ дод, компютерҳои 200 ҳазор шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар 150 кишвари олам рӯзи ҷумъа мавриди ҳамлаи хакерҳо қарор гирифтанд.

Дар Шоҳигарии Британияи Кабир аз ҳамлаи вируси WannaCry 48 филиали Хадамоти миллии тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳо ва дармонгоҳҳо зарари ҷиддӣ диданд.

Дар натиҷаи ҳамлаи хакерон фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ халалдор гардида, қабули беморон ва гузаронидани амалиёти ҷарроҳии қаблан ба нақшагирифташуда манъ карда шуданд, ба реҷаи кори мошинҳои шуъбаҳои ёрии таъҷилӣ низ вируси WannaCry таъсири манфӣ расонида, нагузоштааст, ки мошинҳои ёрии таъҷилӣ сари вақт ба кумаки беморон ҳозир шаванд.

 

 

Май 15, 2017 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

кудакони африкоБонги изтироб: ҳаёти зиёда аз 24 миллион кӯдакон дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Африкаи Шимолӣ зери хатар қарор дорад!
KadyrovРамзан Қодиров пешниҳод кард, ки шабнишинии занги охир дар мактабҳо гузаронида нашавад
PolitsiyaСардори полиси шаҳри Манчестер содир шудани амали террористиро тасдиқ кард
BezvozmezdnayaИМА аз расонидани кумаки ҳарбии бебозгашт ба Украина даст кашид
Kosmos-2Имрӯз астронавтҳои Стансияи байналхалқии кайҳонӣ барои таъмири таҷҳизот ба фазои кайҳон мебароянд
V-Sirii-vzorvali-shtab-vooruzhennoj-gruppirovki-Ahrar-ash-SHam-pogibli-40-boevikovДар Сурия ситоди гурӯҳи мусаллаҳи «Аҳрор аш-Шам» тарконда шуда, 40 нафар ҷангиён кушта шуданд
ША СММШӯрои амнияти СММ вобаста ба озмоиши навбатии ракетаи баллистикӣ аз ҷониби Кореяи Шимолӣ ҷаласаи таъҷилӣ баргузор мекунад
Na-yuge-Livii-svyshe-140-chelovek-pogibli-v-rezultate-ataki-na-aviabazuДар қисмати ҷанубии Ливия зиёда аз 140 нафар дар натиҷаи ҳамла ба пойгоҳи ҳарбӣ кушта шуданд
багдадДар натиҷаи ду таркиш дар навоҳии атрофи Бағдод 11 нафар одамон кушта шуданд
ZHitel-Myunhena-sovershil-akt-samosozhzheniya-v-tsentre-gorodaСокини Мюнхен дар маркази шаҳр худро оташ задааст
ХавопаймоНеруҳои ҳарбии эътилофи байналмилалӣ ба мавқеи дастаҳои ҷангии пуштибони ҳукумати Сурия ҳамла намуданд
OgranichenieХадамоти назоратии Россия ба вуруди маҳсулоти ширӣ аз ҷумҳурии Беларус маҳдудият ҷорӣ намуд