Идомаи боздиди Президенти кишвар аз Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Май 10, 2017 11:14

ДУШАНБЕ, 10.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи боздиди корӣ дар маҳалли бунёди иншооти муҳими аср — Неругоҳи барқи обии Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои Дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ шинос шуданд.

Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ барои бунёди бинои Дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ тибқи нақша ҷараён доранд.

То имрӯз корҳои хокбардории минтақаи байни бинои хизматӣ — саноатӣ ва бинои Дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ ба итмом расида, тадбирҳои бетонхобонӣ ва арматурбандӣ дар зербинои он идома доранд.

Дар ин мавзеъ 4 ширкати сохтмонӣ бо ҷалби беш аз 300 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ дар 2 баст фаъолият доранд.

Баъди пурра ба итмом расидани сохтмони бино оянда дар ин ҷо дастгоҳҳои замонавии пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ насб карда мешаванд. Аз ин дастгоҳҳои муосир неруи барқ ба системаи умумии барқии кишвар пайваст мегардад ва рӯшноию гармии кохи нур — Неругоҳи барқи обии Роғун ба хонадони мардуми Тоҷикистон ворид мешавад.

Зимни шиносоӣ бо ҷараёни бунёди бинои Дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои арзанда дода, коргаронро ба иҷрои саривақтии он ҳидоят намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори махсуси неругоҳ ҳамчунин бо ҷараёни корҳои васлгарии таҷҳизоти генераторӣ шинос шуданд.

Дар майдончаи васлгарии таҷҳизоти генераторӣ, ки айни ҳол васлу насби қисмҳои эҳтиётии статор ва ротори гидрогенератори 5 ва 6 амалӣ мешаванд, омодасозии гидроагрегатҳо мутобиқи ҷадвали корӣ идома дорад. То имрӯз корҳои васлкунии таҷҳизоти зарурии иншоот — статор ва ротори агрегати 6-уми Неругоҳи барқи обии Роғун, ки дар марҳилаи аввали фаъолият истифода хоҳанд шуд, бо сифати баланд амалӣ гардида, қисми асосии корҳо иҷро гардидаанд.

Аз тарафи мутахассисони васлгар кафшеркунии қисми поёнӣ ва болоии стерженҳо пурра ба анҷом расида, қисми бо оби хунуккунанда таъминкунии стерженҳо пурра кафшер карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид бо ҷараёни омодасозии генератори рақами 5 низ шинос шуданд.

Тавре маълум гардид, дар баробари иҷрои корҳои васлу насби генератори рақами 6, барои ба роҳ мондани корҳои васлу насб дар статори генератори рақами 5, дар майдончаи васлгарии муваққатии толори мошинҳо қисмҳои баданаи статори ин генератор ба шакли давра васл карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори мошинҳои Неругоҳи барқи обии Роғун бо ҷараёни корҳо дар ин минтақаи муҳим — маҳалли асосии ҷойгиршавии агрегатҳо шинос шуданд.

Дар майдончаи васлгарии таҷҳизоти тавлидкунандаи барқ, ки ҷойи насби агрегатҳо маҳсуб меёбад, корҳо ба таври муташаккилона бо ғайрати дучанди коргарони матинирода идома доранд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корҳои нақбканӣ, пармакунӣ ва гузоштани анкерҳо дар толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо, ки паҳлӯи ҳам ҷойгиранд, бомаром ҷараён доранд.

Толори мошинҳо 220 метр дарозӣ ва беш аз 67 метр баландӣ дошта, дар ин ҷо ҳамаи 6 агрегати тавлидкунандаи барқ насб карда мешавад.

Барои устувор гардонидани девору сақфи толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо, корҳои пармакунии чоҳҳо барои гузоштани анкерҳо, инчунин корҳои сементатсионӣ анҷом дода мешаванд.

Сифати корҳо дар толори асосии иншоот ҷавобгӯи талабот буда, тамоми тадбирҳои бунёдӣ, шурӯъ аз омодасозии мавзеъ то ба бетонрезиву анкербандии деворҳо бо низоми хоси сохтмонӣ аз рӯи стандартҳои бехатарии муҳандисӣ амалӣ карда шудаанд.

Пас аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар толори мошинҳои неругоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахтаи насосҳои обпарто ва бинои трансформаторҳо ташриф оварданд.

Шахтаи насосҳои обпарто дар ҳудуди бинои трансформаторҳо воқеъ буда, яке аз нуқтаҳои асосии неругоҳ маҳсуб меёбад. Корҳои сохтмонӣ дар шахтаи насосҳои обпарто низ аз рӯи ҷадвали корӣ идома доранд.

Дар бинои трансформаторҳо корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкунии агрегатҳои 1-6 ва хобонидани бетони конструктивӣ иҷро шудаанд.

Дар толори трансформаторҳо айни ҳол беш аз 100 нафар фаъолият доранд. Дар маҷмӯъ имрӯз дар бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун бештар аз 14 ҳазор нафар коргарону мутахассисони касбу кори гуногун ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ, ки аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ мутобиқ ба нақшаи муқарраргардида, аз рӯи услуб ва низоми хоси бунёди иншооти гидроэнергетикӣ амалӣ карда мешаванд, баҳои баланд доданд ва онҳоро барои анҷоми муваффақонаи тадбирҳо ҳидоят намуданд.
Идомаи боздид аз Неругоҳи барқи обии Роғун    10.05.2017

Май 10, 2017 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд