Ҷилавгирӣ аз қочоқи бензин дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе

Май 19, 2017 16:17

Хабарҳои мавзӯъ

09

ДУШАНБЕ, 19.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 46 ҳазору 100 литр бензини навъи АИ-80, ки аз Қирғизистон ба Тоҷикистон бо роҳи қочоқ интиқол дода шудааст, аз ҷониби гумрукчиён дар шоҳроҳи Хуҷанд- Душанбе ошкор ва мусодира гардид.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми муоинаи гумрукӣ аз воситаи нақлиёти тамғаи «Хубэй», рақами қайди давлатиаш 23 95 ЕА 02, ки онро ронанда, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.А, идора мекард, ба маблағи  беш аз 221 ҳазор сомонӣ бензини навъи  АИ-80 ошкор гардид.

Маълум гардид, ки моли мазкурро шаҳрванди 31-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров А .Д. тариқи қочоқ аз Қирғизистон ворид намудааст.

Нисбат ба шаҳрванд А. Д. бо моддаи 289, қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои тафтишот ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шуд.

Май 19, 2017 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи меморӣ ва сохтмон назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонДар Душанбе оид ба тақвият додани иқтидори миллӣ дар соҳаи хоҷагии манзили устувор ва рушди шаҳрҳо машварат доир гардид
Хукуки истеъмолкунандагонИстеъмолкунандагон мебояд аз ҳуқуқҳои худ ҳимоя кунанд
Дурнамои бунёди боғ дар ноҳияи Сангвор 126,7 фоиз иҷро шудааст (1)Нақшаи бунёди боғ дар ноҳияи Сангвор 126,7 фоиз иҷро шудааст
Парки миллии Тоҷикистон яке аз меросҳои фарҳангии ҷаҳонӣ аст (4)Шодӣ Солеҳҷонов: «Парки миллии Тоҷикистон яке аз меросҳои фарҳангии ҷаҳонист»
Новый рисунокДар ноҳияи Рашт бо иштироки зиёда аз 8000 нафар ҷавонон Рӯзи ҷавонон пуршукӯҳ таҷлил шуд
Боздошти директори мактабДиректори мактаб бо гумони исрофи маблағҳои Фонди хайрия боздошт гардид
mmexport1494667588496(1)Филиали Ширкати «IRS» техникаву таҷҳизоти махсусгардонидашуда ворид менамояд
УкраинаТавсеаи гардиши молу маҳсулот бо Украина дар Душанбе баррасӣ шуд
эмгузарониДар вилояти Хатлон беш аз 700 ҳазор нафар кӯдакон эм карда мешаванд
????????????????????????????????????Алимурод Исломзода: «Оби нӯшокие, ки ба аҳолии Тоҷикистон расонида мешавад, арзонтарин об дар ҷаҳон мебошад»
вохурии коршиносон оид ба ИДМВохӯрии коршиносон оид ба ҷаласаи қарибулвуқӯи Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ дар Душанбе
Сафорати АРАБИСТОН (6)Баимзорасии қарордод оид ба корҳои сохтмониву соҳилмустаҳкамкунӣ миёни Агентии беҳдошти замин ва Маркази имдоди Арабистони Саудӣ