Имрӯз, 27 майи соли 2017, рӯзи шанбе, рӯзи 147–уми сол аст. То охири соли ҷорӣ боз 218 рӯзи дигар боқист

Май 27, 2017 09:48

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

 

27 майи соли 2014, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Шоҳигарии Баҳрайн рафта буданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1999 суди Гаага Президенти Югославия Слободан Милошевичро гунаҳкори ҳарбӣ эълон кард.

***

27 майи соли 2003 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд аввалин фестивал-симпозиуми байналмилалии мусиқии классикии «Шашмақом» баргузор гардида буд.

***

Дар ин рӯзи соли 2003 дар шаҳри Душанбе аввалин форуми намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, истеҳсолкунандагон, воситаҳои ахбори омма ва  созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардида буд, ки дар он шартнома дар бораи ҳамкориҳои иҷтимоӣ ба имзо расид.

***

Ҳашт сол қабл 27 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе мактаби олии сарҳадбонони САҲА (ОБСЕ) ифтитоҳ гардид.

***

27 майи соли 2010 аввалин ҳавопаймо аз самти Душанбе ба Бориспол (Фурудгоҳи  байналмилалии Бориспол, Украина) бо 15 мусофир парвоз кард.

***

27 майи соли 2013, масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо сипас дар музокироти расмӣ ва нахустин нишасти Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

 ***

 Ҳамасола 27 май дар Нигерия Рӯзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад.

 

 

Май 27, 2017 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш